Шанбегии умумӣ дар донишкада бо ширкати кулли кормандону омӯзгорон

ДзюдоИмрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумӣ гузаронида шуд, ки дар он ҳамаи кормандону омӯзгорон ширкат намуданд. 

Омӯзгорону кормандон гирду атрофи донишкадаро аз партовҳҳо тоза намуда, майдонҳои сабзкоришударо аз алафҳои бегона ба таври куллӣ покиза намуданд. Ҳамчунин, дар гулзорҳо ва дигар минтақаҳои  бо гулҳо ороишёфтаро пурра аз хазон ва дигар рустаниҳои нолозим тоза намуданд.

Ҳамзамон, ошёнаҳои хобгоҳҳо ва дигар биноҳои таълимӣ ба пуррагӣ тозаву покиза гардонида шуд. 

 

Шуъбаи иттиллот