Номаи табрикотии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба Рӯзи Омӯзгор

Боиси шарафмандӣ ва хушиқболист, ки мо дар фазои сулҳу салоҳ ва осоиштагиву ваҳдати комил рӯзи машъалафрӯзи ҷомеа-рӯзӣ омӯзгорро таҷлил менамоем. Бо шарофати истиқлолият ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба илму маориф, имрӯз шароити хеле хубе фароҳам омадааст. 

Саҳми омӯзгор дар тарбияи насли ҷавон басо бузург аст ва аз ин лиҳоз омӯзгорро  раҳнамои ҷомеасоз бигӯем ҳам иштибоҳ нахоҳад буд. Дар бораи нақши омӯзгор ҳар қадар ҳам, ки бигӯем боз кам аст ва ҳамон қадаре, ки ҳаёт идома меёбад, ҷомеа ташаккул меёбад, нақши омӯзгор ҳамонқадар зиёдтар мешавад. Дар шароити кунунӣ ҷомеаро бидуни олмӯзгор тасаввур кардан имкон надорад ва маҳз омӯзгор аст, ки барои тарбия намудани насли нав ва тавлиди андешаи солим заҳмат мекашад ва шогирд тарбия менамояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни омӯзгор боре фармуда буданд: “Маҳз омўзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар рўҳияи ватандўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад”. Воқеан ҳам ин баҳои баланди Сарвари хирадманду маорифпарварамон бори дигар аз нақши бузурги омӯзгор дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Мусаллам аст, ки бе омӯзгор ҷомеа пеш намеравад ва кори зиндагӣ ҳам ранги тоза намегирад, ки ин далел аз нақши баланди омӯзгор мебошад ва ҳамин омӯзгор ҳаст, ки мо баҳори тозаро дар зиндагӣ  дармеёбем ва фонуси маърифатро бозмеёбем. Имрӯз, омӯзгор  дар назди  ҷомеа эҳирому мақоми баландро соҳиб аст, ки ин аз қадршиносии миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Ва ногуфта намонад, ки омӯзгорӣ ин касб не, балки масъулият ва рисолат мебошад!

Хушбахтона, имрӯз омӯзгорони донишкада низ дар тарбияи насли ҷавон,мутахассисони варзидаи соҳа  кӯшиш ба харҷ додаистодаанд, ки инро мо ҳамарӯза бо чашмони худ мебинем. Ҳоло дастпарварони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар корхонаҳои азими саноатии кишвар ва дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил фаъолият намуда истодаанд, ки ин боиси ифтихори мост ва натиҷаи заҳмати  Шумо омӯзгорони арҷманд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо омӯзгорони муҳтарам -машъалафрӯзони ҷомеаро самимона ба рӯзи касбӣ табрику таҳният гуфта, бар Шумо сарбаландиву саодатмандӣ ва дар иҷрои масъулияти баланд ва рисолати нек  комгориву муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям. 

Рӯзи омӯзгор муборак бошад, ҳампешагони гиромӣ, омӯзгорони арҷманд!

Бахтиёр Маҳмадалӣ 

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон