Шанбегии умумӣ дар донишкада ва хиёбонҳои шаҳри Бӯстон

Имрӯз, тозакорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандону омӯзгорони донишкада бо супориши роҳбарияти донишкада барои тоза намудани хиёбонҳои шаҳри Бӯстон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Сада, аз Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд то ба маҳалҳои болоӣ кӯчаву хиёбонҳо ва боғотро тозаву озода намуданд.

Сардори қисми маъмурӣ-хоҷагидории донишкадава Ҷабборов А.А. мегӯяд, ки имрӯз шанбегии умумӣ дар ду баст ҳам дар атрофи донишкада ва ҳам дар минтақаи таъиншуда, гузаронида шуд ва дар ин ҳарду маҳалли шанбегӣ низ омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин шабу рӯз барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷашнҳои миллӣ корҳои созандагиву ободонӣ ва тозакориҳову азнавътаъмиркунӣ идома дорад ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ аз ин иқдомҳо пайгирӣ менамояд.

М. Сайидзода