Вохӯрии донишҷӯён бо намояндаи Шӯрои уламо дар шаҳри Бӯстон Қозизода М.

Дар доираи “Ҳафтаи салом” дар донишкада як қатор вохӯриву семинарҳо гузаронида шуд, ки аз ҷумла вохӯрии имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бӯстон Қозизода  Муҳаммадюсуф  низ ба ҳамин рабт дошт.

Дар вохӯрӣ, ки дар толори калони донишкада бо донишҷӯён сурат гирифт, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда нахуст суханронӣ намуда, риояи одобу ахлоқи инсонӣ ва дигар аъмоли накӯи инсониро ба донишҷӯён тавсия намуда, таъкид намуданд, ки имрӯз аз сабаби каммаълумотӣ ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил мегарданд, ки ин хатарнок аст ва бояд онҳо фардои худро биандешанд.  Сипас, намояндаи рӯҳонии МИҲД-и Бӯстон Қозизода  Муҳаммадюсуфро  ба донишҷӯён муаррифӣ намуда, эшонро ба минбар таклиф намуданд.

Қозизода М.  дар навбати аввал ба донишҷӯён аз фазилати салом ва одобу ахлоқи инсонӣ сухан ронда, бо овардани чанд мисол аз гузаштагони табори исломӣ ва ҳамчунин аз аҳодиси набавиву ояҳои қуронӣ ба донишҷӯён рияоти ахлоқи инсониро тавзеҳ дод ва барои пешгирӣ намудани онҳо аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва радикалӣ  аз таърихчаи душманони миллати тоҷик, ки аз ислом сӯистифода менамоянд, сухан ронд.

Ёдовар мешавем, ки риояи одобу услуби ҳамидаи инсонӣ шиносномаи ҳар як фард аз тарбия ва муҳити хонаводагияш мебошад.

Дар интиҳо суолу ҷавоб байни донишҷӯён ва намояндаи рӯҳонияти шаҳри Бӯстон сурат гирифт, ки ин вохӯриро хотирмон ҷилва медод.

М. Сайидзода