Шанбегии умумӣ дар донишкада баргузор гардид

Рӯзи шанбе дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад иттилоъ дод.

Дар ин рӯз, кормандон ҳама гирду атрофи гулзорҳоро аз алафҳои бегона покиза намуда, сипас хиёбони шафати донишкадаро, ки дар канори роҳи мошингард қарор дорад кандаву ба гулшинонӣ омода намуданд.

Ҳамчунин, кормандон қисме аз заминҳои бекорхобидаро барои кишти маҳсулоти ниёзи аввал омода намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот