Семинари маҷозӣ барои омӯзгорони забони чинӣ

Санаи 07.06.2021с. нимаи дуюми рӯз дар Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ бо ташаббуси роҳбарияти ДК ба омӯзгорони забони чинӣ семинар-трейнинг барои такмили ихтисос тариқи онлайн гузаронида шуд, ки дар ин бора ба шӯъбаи иттилоот директори ҷониби тоҷикистонии донишкада Валиева Мастурахон иттилоъ дод.
Семинари омӯзишӣ аз ҷониби профессори донишкадаи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва санъати шаҳри Синдао Дуан Хун Лян гузаронида шуд.
Дар рафти семинар-трейнинг мавсуф ба омӯзгорон оид ба усулҳои инноватсионӣ ва самараноки омӯзиши забонҳо ва роҳҳои бартараф намудани муаммоҳое, ки дар рафти машғулиятҳо омӯзгор рӯ ба рӯ мешавад, ибрози ақида намуд.
Роҳбарияти ДК дар назди ДКМТ тасмим гирифтааст, ки шумораи чунин семинар-трейнингҳоро зиёд гардонад, то сатҳу сифати омӯзиши забони чинӣ ба талаботи омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори чаҳонӣ ҷавобгӯ гардад.