Шанбегии умумӣ дар ДКМТ

Санаи 07.11.20 дар Донишкада шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Баҳри тозаву покиза нигоҳ доштани ҳавлии донишкада ва гирду атрофи он имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он кулли кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Гирду атрофи донишкада ва хиёбони марказии наздик ба ДКМТ пурра тоза карда шуда, партовҳо бардошта шуданд. Фасли хазон низ тақозо мекунад, то дар тамоми шаҳр шанбегӣ гузаронида шавад, ки дар он кормандони ДКМТ аз аввалин иқдомкунандагон баҳри ободиву тозагӣ маҳсуб меёбанд.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин донишкадаи олӣ маҳсуб ёфта, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он эътибори баландро дорост.