ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ КӮҲӢ- МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ФОЗИЛЗОДА МУХТОР МУРОДАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз аз фаъолияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади сарнавиштсози миллат 26 сол пур мешавад, ки ба ин санаи муҳим тамоми омӯзгорону донишҷӯён ва дар шахсияти онҳо кулли ҳамватанони азизро табрик менамоям.

Мусаллам аст, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳо барои сохтани давлати миллӣ муҳайё гардиду бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи кишвар низ дар таҳрири нав бо такмилу баинобатгирии шароити замони нав қабул карда шуд, ки ин раванд аз баланд будани маданияти иҷтимоӣ ва донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. Ногуфта намода, ки имрӯз Конститутсияи мо дар қатори 5 Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор гирифтааст, ки ин ҳам ифодакунандаи маданияти баланд, давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик мебошад.

Конститутсия бахтномаи миллат ва равшангари роҳи бехатар ва босуботи ҷомеа мебошад, ки тавассути он муттаҳидӣ ва якмаромиву мустақилияти ҷомеа дар роҳи интихобкардааш муайян карда мешавад. Конститутсия кафили муколамаи озод ва бидуни низоъ ва эътирози миллат ва ҳар як сокини кишвар бо давлат  мебошад. Зеро ба таъбири файласуфи бузург Арасту “давлат агар таҳкимбахши муносибати табии ҷомеа бошад”, пас Конститутсияи кафолати побарҷо мондани далват ва мустақилияту соҳибихтиёрии ҷомеа аст.

Конститутсия танзимгари фаъолияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар соҳаҳои муҳимӣ ҷомеа буда, тағйирнопазирии низоми қонунии давлатро кафолат медиҳад, ки ин ҷо мешавад гуфт, ки Конститутсия ин санади бузург ва яке аз шоҳсутунҳои бақои давлати миллӣ мебошад.

Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки дар гузаштаи дури таърихӣ ва бо сабабҳои гуногун миллати тоҷик аз баракати давлати миллӣ бенасиб гардида буд, ки бештар ҳамин чиз таъмин гардидани ҳуқуқҳо ва баробарии шаҳрвандонро тақозо менамуд, ки бо истиқлолият ба давт овардани кишвар ин масъала низ ҳалли худро ёфт.

Қабл аз ҳама Конститутсия барои сохтани давлати комилан миллӣ ва фароҳам гардидани ҳуқуқҳои баробари ҷамъиятҳои мухталиф дар Тоҷикистон шароит муҳайё намуд, ки ин бори дигар санади муҳим ва тақдирсоз будани Конститутсияро ифода менамояд.  Чизи дигаре, ки барои кулли тоҷикону тоҷикистониён муҳим аст, ин рушд ёфтани конститутсиализми комилан ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Дар қатори дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имрӯз Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам ҳисобида мешавад, ки аз дараҷаи баланди маданият ва шуури сиёсиву ҳуқуқии сокинони кишвар шаҳодат медиҳад.

Ҳанӯз хеле барвақт Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш перомуни ин санади муҳим барои ҷомеа чунин изҳори назар намуда буданд: «Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд. Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт».

Барҳақ, метавон гуфт, ки Конститутсия ин кафолати зиндагии осоишта ва фароҳамоварандаи салоҳиятҳои бештар ба шаҳрвандон дар зиндагии бомарому босаодат аст.

Дар фарҷом,  ёдрас шудан ба маврид аст, ки  Конститутсия пеш аз ҳама ба ҷомеа роҳи нав, пурсаодату ором ва некро фароҳам намуд, ки мешавад инро як дастоварди бузурги миллат ба ормонҳои деринтизор арзёбӣ намуд.

 Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!