Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ

Дирӯз бахшида ба Рӯзи Президент дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи донишкада чорабинии илмӣ- назариявӣ баргузор гардид, ки дар он нахуст мудири ҳамин кафедра Туев Шоҳин Шоевич суханронӣ намуда, дар бораи хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас устоди ҳамин кафедра Мирзозода Воҳидҷон ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоӣ Изатуллоев Рафтор маърӯза хонданданд. Инчунин Абдураҳмонова Азиза низ дар бораи асари Пешвои миллат “Забони миллат- ҳастии миллат” маърӯза хонданд.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ донишҷӯёни ҳамин кафедра доир ба фаъолият ва асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Муовини декан оид ба тарбияи факултети электромеханика низ Саидов Анвар суханронӣ карда, ҳозиринро табрик намуданд.

Шуъбаи иттилоот