ЧАРО ИСТАРАВШАНӢ АЗ ТЕРРОРИСТИ ПАРВАРДААШ ҲИМОЯТ МЕКУНАД?!

Ахиран муаллифи гумном ва террористу душмани миллати тоҷик, дастпарвари хони охундҳои харшиа Саидюнуси Истаравшанӣ, ки ҳоло саги дари наҳзатиён аст,  роҷеъ ба боздошти Далер Шарифов мақолаҳое зиёде ба нашр расонидааст, ки ягонтояш асоси воқеӣ надоранд ва фақат аз ин террористаки ба ном “рӯзноманигор” мехоҳад, як аллома ва ба ибораи дигар як мутафаккир созад.

Ҳарчанд иддаои Саидюнуси Истаравшании террорист ягон пояи воқеӣ надорад, аммо дар мавриди он ки Далер Шарифов як алломаи пинҳонкору зери ниқобгарданда аст, дуруст мебошад. Зеро ин журналисти кӯрнамак ва ношукр ба ҳамаи ин ободиву зиндагии шоиста нигоҳ накарда, худро ба думболи наҳзатиён кашонидааст ва андешаҳои наҳзатиёни террористро пайваста тарғиб менамудааст. Дар ҷое аз ӯ ҳамчун як писанхонди Кабирӣ ва наҳзатиён ёд мешавад, ки воқеан ҳам дуруст мебошад. Зеро ин палиди малъун ва харшиаву ҳаромзода, бештар ба наҳзатиён пайравӣ намуда, ба кори худ хислати авбошизмро ҳамроҳ кардааст.

Чизе дигаре, ки мехоҳам ин ҷо бинависам ин аст, ки наҳзатиёни хоин ва террорист фақат барои ошкор нашудани нақшаҳояшон аз ӯ ҳимоят мекунанд ва бештар матлабҳои бардурӯғро нашр месозанд, ки ин кайҳо боз маълум аст.

Ҳамчунин ба кури Саидюнус ин ҷо изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меорам, ки чӣ тавр ин ҳаромзодаи наҳзатӣ бар хилофи қонунгузорӣ амал намудааст. Аз ҷумла дар баёнияи мазкур омадааст: шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.

Дар идомаи ҳамин матлаб омадааст, ки ин хоини миллат ва душмани башарият рисолаеро ба таври пинҳонӣ ба нашр расонидааст. Дар изҳорот чунин омадааст: “моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.”

Модоме, ки ба таври пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ ба табъ расонидааст, ҳатман мақсади нопоке доштааст, ки мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Пас чаро наҳзатиёни палид ва дигар террористони муқими Аврупо аз ӯ ҳимоят мекунанд?

Маълум мешавад, ки ин рисола ҳам бо фармоиши ҳамин наҳзатиёни малъун ба нашр расидааст ва онҳо намехоҳанд, ки асрори робитаашон бо ин рӯзноманигори бисёр ҳам ифротӣ ошкор шавад.

Пас аз ин хулоса намудан мумкин аст, ки ин палидони наҳзатӣ ҳаргиз бар роҳи некӣ намераванд ва мақсадашон ҳам зиёд намудани ифротгароён дар миёни ҷомеа мебошад, ки миллат бояд аз ин наҳзатиёни палид дурӣ ҷӯяд.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ