“Миллате, ки таърихи худро намедонад, гузаштаи худро эҳтиром намекунад ва қаҳрамонони худро намешиносад, ояндаи дурахшон дошта наметавонад. Хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ силоҳи асосии мо дар муқобили таҳдидҳои замони муосир аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар миллат фарзандони содиқу ҷоннисори худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Мардуми тоҷик низ ба қаҳрамонҳое, ки баҳри озодӣ, ҳифзи Ватан ва обрӯи миллат хизматҳои бузург анҷом додаанд, эҳтироми хоса доранд. Аз ҷумла, бозгардонидани мушти хоки оромгоҳи ин се нафар Қаҳрамони Тоҷикистон аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо мебошад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.
Бозгардонидани мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ин иқдом ҳамчун нишонаи эҳтиром ба таърих, ва шахсиятҳои бузурги миллат арзёбӣ мешавад.
Арҷ гузоштан ба ҷонфидоии фарзандони фарзона дар таъриху таҷрибаи аксар кишварҳои дунё бо шаклу муҳтавои гуногун дучор меояд. Он дар ҷомеаҳои муосири демократӣ, дар кишварҳои пешрафтаи олам низ арзи вуҷуд дорад. Аз назари сиёсату маърифат зуҳури як лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи мардумӣ, ки гузаштагони номдорро ҳамаҷониба арҷ гузорад, тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори таърихӣ аст. Боиси ифтихори тоҷику тоҷикистониён аст, ки ниҳоди сарварии Пешвои миллати мо мактаби бузурги давлатдорист, ки ҳар шахси худшиносу худогоҳ ва дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ бояд онро омӯзад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ибтикори камназир таърихро такон доданд ва адолати таърихиро барқарор намуданд. Дар ин зимн бори дигар қудрати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Посдори таҳамтани тамаддуни ориёӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯнамоӣ гардид. Бо ин амали неку Пешвои миллат иловатан ба ҷомеа ҳушдор доданд, ки қадршиносии чунин симоҳои таърихӣ идеяи худшиносиро ривоҷ дода, ваҳдатро тақвият мебахшад ва собитқадамӣ дар ҷодаи рушдро таъмин менамояд.
Иқдоми таърихии Пешвои миллат насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонон сабақи зиндагӣ гиранд.
Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки қадршиносии нобиғагони миллат ва эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Ҳадафи аслии таъсиси ин иқдом муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда буда, дар ин ҷода одитарин ва олитарин хислати инсонӣ – қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллатмеҳвар аст. Моҳияти овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни се бузургмарди миллат – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар он зоҳир мегардад, ки он бунёди мустаҳками маънавӣ дошта, ба ҷуз муносиботи муҳими иҷтимоӣ, инчунин руҳияву маънавият ва унсурҳои зарурии равониву эстетикӣ ва ахлоқии мардум дар мадди назар аст. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо хеле кам рӯйи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум — иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, руҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд. Аз ин нуктаи назар, он ақида, ки дар давраҳои мушкили таърих шахсиятҳое ба арсаи сиёсат омада, сарнавишти миллатҳо ва давлатҳоро куллан тағйир медиҳанд, ягон тобиши асотириву метафизикӣ надошта, асоси устувори илмӣ доранд ва ба авторитаризму шахсиятпарастӣ равобит надоранд.
Кору пайкори ин се шахсияти барҷаста на танҳо заминаи эҳёи давлатдории миллии моро гузошт, балки масири ояндаи рушди сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистонро муайян намуд. Имрӯз, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки арзишҳои миллиро эҳё ва бузургони миллатро қадрдонӣ намуданд, омӯзиши мероси ин қаҳрамонон барои насли ҷавони донишҷӯ аз ҳарвақта бештар муҳим ва мубрам аст.
Арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои мондагор оғозбахши ин раванд буда, он аз баргузории Симпозиуми байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ёдбуди 680 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675 — солагии Хоҷа Камол, 1000 -солагии Носири Хусрав, 1025 – умин солгарди Абуалӣ ибни Сино, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 90 – солагии мавлуди академик Бобоҷон Ғафуров, 90 ва 100 – солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода то қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва поси хотираи шахсиятҳои бузург ва қаҳрамонони таърихӣ, ба мисли Спитамен, Деваштич, Темурмалик масир дорад. Бо назардошти суиистифода шудани дини мубини ислом ва ба хотири пешгирии хурофот Сарвари хирадсолори мамлакат соли 2009 – умро «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон карда, 300 ҳазор нусха Қуръони каримро бо забони тоҷикӣ, асарҳои Имоми Аъзам, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷикро чоп намуданд.
Таҷлили санаҳои пураҳамият, аз ҷумла 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2500 – солагии шаҳри бостонии Истаравшан, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 – солагии шаҳри Ҳисори Шодмон ва 5500 – солагии Саразм ҷузъи усули маънавии таҳкими истиқлолияти давлатӣ мансуб шуда, ҳаққи таърихии тоҷиконро ба арзишҳои мавриди назар қавитар гардонид. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба ҳар оилаи тоҷик тақдим гардид. Ин иқдом низ ба усули маънавии таҳкими истиқлолияти давлатӣ рабт дорад.
Номи Нусратулло Махсум низ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди ҷонфидо ва содиқ ба арзишҳои миллӣ бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст.
Ҳарчанд дар бораи Нисор Муҳаммад маълумот нисбатан камтар аст, вале маъхазҳо шаҳодат медиҳанд, ки аз чеҳраҳои маърифатпарвар, мунодии илм, мубаллиғи китоб ва намоди бедории миллии тоҷикон буд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон аз шахсиятҳое маҳсуб мешавад, ки неру ва дониши худро содиқонаву фарзандвор ба поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона кардааст.
Онҳо барои соҳибдавлат гардидани миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бақои тоҷикон ҳамчун миллат ба маънои том сина сипар карданд. Бо шарофати ҷасорати номбурдагон вожаи тоҷик бо назардошти маъниву моҳият ва кафолати ояндаи дурахшон аз вартаи нобудӣ эмин нигоҳ дошта шуд. Махсус бояд таъкид кард, ки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар аҳде барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ матонат нишон доданд, ки “кас аз сояи худ, аз баёни фикру шарҳи ғояи худ ва ҳатто аз нигоҳи ҳамсару ҳамсояи худ шубҳа дошт”. Дар ҳамон айёми ҳассосу ҳамзамон сарнавиштсоз маҳз ҳамин фарзонафарзандони миллат дар сари минбар аз роҳи паймудаи тоҷику таърихи куҳан сухан гуфтанд. Дар он марҳилае, ки авзояш гаронтасвир буд, онҳо бо ҷасорати тоҷикона ба иддаоҳои нотавонбинон посухи дандоншикан доданд.
Ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад бори дигар собит намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати поягузор ва наҷотбахши давлату миллат вазъро беш ва пеш аз дигарон дарк ва дар робита ба он бетаъхир тадбир меандешанд. Аз ин лиҳоз, дар ҳолатҳои бениҳоят ҳассос усул ва тартиби тасмимгириашон ба манфиатҳои миллат, давлат ва сайёра созгор аст. Ин яке аз фазилати абармардони дунёи сиёсат буда, чунин ашхос дар марҳилаҳои муайян барои бақои давлату миллатҳо ва таъмини суботи сиёсӣ дар ақсои олам масъулият доранд.
Кору пайкори ин се қаҳрамон пойдевори кохи муҳташами Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Мо, аҳли илму маориф, устодон ва донишҷӯён, дар назди рӯҳи ин бузургон қарздорем ва тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, ки бо тарбияи кадрҳои баландихтисос, ватандӯст ва содиқ ба арзишҳои миллӣ, масири созандагии онҳоро содиқона давом диҳем.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ руҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Тавре маълум аст, асоси руҳияи миллиро ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки он иборат аз падидаҳои худмуайянкунӣ, худшиносӣ ва эътирофи худ мебошад. Руҳияи миллӣ, ки дар саргаҳи он Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, дар ташаккули худшиносии миллӣ низ таъсиргузор аст, зеро дар ин замина иродаи мардум матин ва бедории миллӣ имконпазир мегардад.
Хушбахтона, ҳоло мо Пешвое дорем, ки сарбаландию хуррамии рӯзгори тоҷикистониён мақсаду маромашон аст. Муҳим он аст, ки Пешвои миллат барои ба даст овардани музаффарияти миллӣ ва беҳсозии Тоҷикистон идеяҳои беназир ва пурмоҳиятро рӯйи кор оварда, шаҳрвандонро ҳам дар атрофи он муттаҳид намудаанд. Ҳар иқдоме, ки ин Абармард барои пешрафти давлату миллат пеш гирифтаанд, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, истиқлоли давлатиро таҳким мебахшад ва дурнамои неки давлатсозиву давлатдориро таъмин менамояд.
Имрӯз, ҳамчун ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва намояндаи соҳаи илму маориф, мо вазифадорем, ки кору пайкори ин се рамзи ҷоннисориро ба донишҷӯён ва ҷавонон ҳамчун намунаи олии содоқат ба Ватан нишон диҳем. Дар ин замина, роҳнамои асосии мо суханҳои хирадмандонаи Пешвои миллат мебошанд: “Бунёди давлати муосир, пеш аз ҳама, аз маориф ва илм оғоз меёбад. Танҳо насли босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонад парчами истиқлолияти давлати моро дар ҷаҳони муосир баланд бардорад ва кору пайкори созиндаи аҷдодони худро содиқона давом диҳад”.
Рӯҳи қаҳрамонони миллат шод ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷовидон бод!
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
