Номаи табрикотии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

Ҳамватанони азиз!

Устоди арҷманд ва шогирдони гиромӣ!

Имрӯз, барои мо боиси фараҳу хурсандист, ки таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ имсол дар остонаи таҷлили   санаи муҳими таърихӣ сию панҷсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омаду кулли муассисаҳои таълимӣ дар фазои сулҳу салоҳ ва оромӣ бо рӯҳияи волои идона дарҳои худро баҳри донишандӯзон боз намуданд. Ифтихори бузург аст, ки имсол донишандӯзони мо бо рӯҳияи ҷашнӣ баҳри донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ дари муассисаҳои таълимиро мекӯбанд. 

Таъкид намудан лозим аст, ки илму маориф дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз бо талошу заҳматҳои бевоситаи ин шахсияти маорифпарвару давлатсоз соҳаи маориф рушд намуд. Бо талошу кӯшишҳои Сарвари хирадманди кишвар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар садҳо ҳазор мактабу муасисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд, ки  имрӯз бо фарогирии беҳтарин шароиту имконот омодаи қабули донишандӯзон ҳастанд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон  маорифи миллӣ рушд намуда, ҷиҳати бештар бо илму дониш фаро гирифтани ҳамватанонамон  дар беҳтарин шароит  иқдомоти беназир анҷом дода шуд. Дар ҳамин давра макотибу муассисаҳои беҳтарину замонавӣ ба истифода дода шуд, ки ҳамаи ин барои насли ҷавон ва рушди соҳаи маориф мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва маориф пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, рушди ин соҳаи ҳаётан муҳимро барои давлату миллат асоси пешрафти дигар соҳаҳои ҷамъият арзёбӣ менамоянд ва барҳақ таъкид  намуда буданд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар ҳақиқат пешрафти ҳама соҳаҳо аз илму дониш, дараҷаи маърифати ҷомеа вобаста аст. Ҳар қадар соҳаи маориф рушд намояд, ҳамон қадар ҷамеа пеш меравад, тараққӣ меёбад. Аз ҳамин меҳвар Сарвари маорифпарвару башардӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо баҳри рушди ин соҳа ғамхорӣ зоҳир менамоянду ҳамасола барои донишандӯзону аҳли маориф шароиту имконоти бештар фароҳам меоваранд.

 Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо, насли ҷавонро зарур аст, ки  ба қадри ин ҳама талошҳо ва хидматҳо расида, кулли донишҳои  замона, илмҳои муосирро омӯзад, то дар оянда барои пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузошта тавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз насли ҷавон умеди калон дорад ва бар ин ният ҳастем, ки насли ояндасози кишвар ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта, содиқона ба давлату миллат хидмат менамоянд ва дар пешрафти Ватани азиз саҳми босазои хешро мегузоранд.

Аз донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дар масири касбомӯзӣ масъулиятшиносӣ, талоши бештар дар ҷодаи омӯзиш ва меҳнатдӯстиву садоқату самимият тақозо карда мешавад. Чунки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки “Акнун зарур аст, ки низоми омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникӣ ба талаботи нави саноатикунонии мамлакат пурра мутобиқ гардонида шавад.

Дар ин раванд, Донишкадаи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон бояд ба маркази асосии омода намудани мутахассисони соҳаи металлургияи муосир табдил дода, дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ низ тайёр кардани муҳандисону мутахассисони соҳавиро бо дарназардошти талаботи воқеии истеҳсолот ба роҳ монанд”.

Ин дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар яки моро муваззаф месозад, то дар ин самт корҳоро ба навъи аҳсан анҷом бидиҳем ва барои ба як маркази миллии омодасозии кадрҳо табдил ёфтани Донишкада бештар талош намоему тамоми донишу тавон ва маҳорати хешро истифода барем.

Мақсади мо омода сохтани мутахассисони варзидаи соҳаи саноати миллӣ мебошад ва бояд дар ин самт ҳамагӣ: омӯзгору донишҷӯ баробар талош намоему саҳми хешро барои рушди кишвари азизамон бигузорем!

Ҳоло, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои омодасозии мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат  даҳчанд кӯшиш намоянд ва барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзишманди хешро бигузоранд. 

Илму дониш ҷавшани инсон аст, касбу ҳунар обрӯву мақоми инсон!

Умед бар он мебандем, ки донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нияти пок соли нави таҳсилро оғоз намуда, сарбаландона барномаҳои таълимиро аз худ менамоянду  дар ин давра аз хеш рафтори намунавӣ нишон дода, шарафи баланди номи донишҷӯиро ҳифз намуд.

Ҳар як лаҳзаи омӯзиш дар айёми ҷавонӣ беҳтарин лаҳзаи ҳаёт ва ширинтарин давраи зиндагӣ мебошад. Мақому манзалати инсон аз илму дониш аст!

Рӯзи донишро ба кулли донишҷӯёну донишандӯзон табрику таҳният гуфта, хоҳони саодатмандиву сарбаландӣ ва муваффақияту комгории тамоми муҳассилин ва насли ҷавон дар роҳи омӯзиш ва таълим ҳастам!

Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ муборак бошад!

Бо эҳтиром,

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

дотсент Давлатзода Давлат