ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Мо  бояд ба муқобили  ҳама гуна  зуҳуроти номатлуби  ҷаҳони муосир , аз қабили  терроризму  экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир,  силоҳ,  хариду фуруши одамон,  ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои хатарҳо, ки ба сулҳу  суботи ҷаҳон аз ҷумла  кишвари мо таҳдид  менамоянд, мубориза барем.                                                                                           

                    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон

Терроризм дар инкишофи таърихии  инсоният ҳодисаи нав нест, ҳанӯз  аз замонҳои қадим низ ба ин усул  қувваҳои гуногуни  сиёсӣ ва ҷамъиятӣ  барои ҳокимият  талош дошта  даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан,   тарсонидан  ва куштори  одамон  мезаданд. Мо медонем, ки  дар рўзҳои сахт солҳои мушкил, ки  мардуми тоҷик  пушти сар кардем ва имрӯз дар кишвари азизамон тинҷию осудагӣ аст, бояд шукрона кунем,  дар зиндагӣ ба хар мушкилие, ки рў ба рў мешавем, бояд ҳамеша дар канори якдигар бошем ва бикўшем то дастёри якдигар бошем. Имрўз вазифаи ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр  ва бо нангу номуси  кишвари азизамон  аст, ки сулҳу субот  ва Ваҳдати миллии бо қиммати  ниҳоят  гарон ба даст омадаро чун гавҳараки  чашм  эҳтиёт кунем.  Дар ин ҷода,  пеш аз ҳама, хизмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қобили қайд аст ва  мо бояд шукргузори кунем, ки чунин    Пешвои миллат  дорем. Интихоби пешаи дурусту  манфиатбахш  тамоми умр  ба инсон хушию сурур , рўзгори  осоишта ва хонаи обод меорад.

Агар ҳар яки мо аз гуфтаҳои Пешвои миллатамон  амал намоем, ҳеҷ гоҳ ба мушкили дучор  намешавем. Пешвои миллат моро барои рост ҳидоят мекунад ва барои мардуми тоҷик тамоми шароитҳоро  муҳайё намудааст.  Хар як шахс бояд ақли худро истифода  карда   аз корҳои номатлуб даст кашад.  Агар  фарзандони мо ба корҳои номатлуб даст зананд,   тамоми мардуми тоҷикро нороҳат мекунад ва мардумони бегуноҳ     аз он азият мекашанд.  

Мо набояд аз дигаргунии муҳити атрофамон дар тарсу ҳарос биафтем, балки бояд худ ва фарзандонамро биомўзем, то онҳо дигаргуниҳоеро, ки рух медиҳанд, дарк кунанд ва худро барои он комилан омода намоянд.

Дар ин марҳалаи хатарнок мақсаду вазифаҳои мо омӯзгорон ташаккули маънавиёт, омӯзонидани амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ бояд равона карда шавад.

      Ҳар як фардро зарур аст, ки аз хурди то пиронсолӣ бояд дониш омўзад, танҳо бо дониши худамон мо метавонем, Ватани азизи худро аз душманон муҳофизат кунем.

Яке аз сабабҳои ба ин гуруҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ ба корҳои номатлуб даст намезанад.  Одами бесаводу  ҷоҳил  на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад. Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст.

        Агар ҳар яки мо фарзандони худро ба барои донишомўзӣ, хондани китобҳои бадеӣ, кўмак кардан ба дигарон, муҳаббат ба Ватан   ҷалб намуда аз гуфтаҳо Пешвои миллатамон амал намоем, ҳеҷ гоҳ ба мушкили дучор намешавем.

     Афсус имрўз ҷавонони мо аз барои пулу мол шуда Ватани худро мефурушанд.  Ояндаи худро фикри намекунанд, ки барои он пулу моле, ки  хиёнаткорон ба даст мегиранд,  барои  онҳо ҳалол намешавад.  Волидайн бояд аз аҳволи фарзандон  мунтазам хабар гиранд,  новобаста ба он ки дар мактаб бошанд ё дар донишгоҳ ва дигар ҷойҳои корие, ки   кор ва фаъолият мебаранд. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.

 

       Пешвои миллат аст, ки ҷамоатро дар минтаыаҳои  мухталифи дунё ҳимоят мекунад ва  дар ҳамкорӣ бо ҷамоат ва дигарон барои пешбурди сатҳи  зиндагии мардум  дар ҳар куҷо бошанд,  талош менамояд.

Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбиниӣ ва даҳщатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад.

          Ба қадри суботи  ҷомеа, тинҷию оромӣ расидан,  баҳри тақвиятбахшии  ваҳдати миллӣ  саҳмгузор будан ва дар ободонию  рушди  иқтисодию  иҷтимоии  Ватани хеш  фаъолона ширкат варзидан вазифаи ҳар як шахс мебошад.

   Танҳо бо саъю кўшиши якҷоя  мо метавонем, ватани азизи худро аз хатарҳо нигоҳ дорем.

Силмонова С. И.

сарлаборанти кафедраи забони

давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ