ФОҲИШАҲОИ ИТТИЛООТӢ Ё БА НОМ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ИФРОТИИ ЗАРХАРИД

Ҳарчанд маълум аст, ки ҷомеаи пешрафтаро бе рушди рӯзноманигорӣ тасаввур кардан номмумкин аст, аммо аз фурсат истифода намудану рӯзноманигориро бо мақсадҳои нопок ва нодурусту бар алайҳи ҷомеа истифода намудан ҳам хиёнат ва рафтори нодуруст мебошад. Имрӯз дар кишвари мо хушбахтона чандин расонаҳои давлати ва мустақил, агентиҳои иттилоотӣ фаъол ҳастанд, ки ҳар яке аз пайи расонидани маълумоти дақиқ ба ҷомеа мебошад.

Аммо имрӯзҳо ҳастанд расонаҳое, ки барои гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба хизмат даромадаанд ва мақсаду маромашон ҳам тарғиби идеологияи ифротӣ мебошад. Ба ин гуна сомонадорони интернетӣ ё ба ном рӯзноманигорону дар асл ифротгароён Мирзои Салимпур, М. Садриддин, Темур Варқӣ ва боз чанде дигар аз наҳзатиёни авбоши дигар шомил ҳастанд, ки имрӯз дар ҷомеа бо сомонаҳои ташкилкардаи худ кӯшиш мекунанд, ҷомеаро гумроҳ созанд.

Албатта, фиреби мардум аз ҷониби ин тоифаи қаламкашони бадкеши наҳзатии ифротгаро ва он ҳам бо сӯистифода аз боварии ҷомеа як хиёнати бузург мебошад. Ҳол он ки ин ин тоифаи бадкеши наҳзатӣ корашон навиштану эҷоди дурӯғ аст ва мақсаду маромашон ҳам бо ҳамин усул ба гумроҳӣ бурдани ҷомеа. Ҳоло навиштаҳои М. Садриддин яке аз фоҳишаҳои иттилоотии саршиноси олами ифротии наҳзатиёнро агар ба риштаи таҳлил бигирем, як ҷумлаи дуруст ва ҳақиқатро намеёбед. Ҳамааш бофтаву сохта ва ба нияти бад офарида шудааст, ки мақсадаш ҳам тухми фитна коридан миёни ҷомеа мебошад. Сомонаи ислоҳ.нетро мешавад яке аз сомонаи дурӯғнавистарин дар ҷомеа ҳисобид ё худ сомонаи тахаюлии М.Садриддини террорист. Чунки дар ин сомона, тавре ки қаблан зикр намудем ягон ҳақиқат вуҷуд надорад ва ин сомона аз ҷониби дигар барои шаклгирии афкори солими ҷомеа халал мерасонад.

Сомонаи ахбор.ком, ки ба Мирзои Салимпур яке аз рӯзноманигорони фоҳиш ва ифротгарову зархарид тааллуқ дорад, куллан як “матбуоти зард”-ро мемонад, ки навиштаҳояш фақат барои сенсатсия мебошаду дур аз ҳақиқат.  Аммо ҳоло ин сомонаи ба ном хабарӣ ва дар  асл як пойгоҳи махсуси тарғибгари ғояҳои динии ифротӣ, ки моликаш як зархарид аст дар хизмати аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад ва албатта инро ҳамагон хуб медонанд, вақте расона дар итоати як гурӯҳӣ ифротӣ ва хавфнок барои башарият гузашт, чӣ тавр метавонад дар ҷомеа содиқона хизмат кунад?

Дигар ин ки дар ин қатор сомонаҳои паём.нет, кимиёи саодт, наҳзат.ру ва дигар порталҳое ҳам ҳастанд, ки ҳамагӣ аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ идора мешаванд ва мақсаду мароми ин сомонаҳо тарғибу ташвиқи идеологияи кишвари исломии ба мардуми мо маълум ва ташвиқи ғояҳои ифротиии ДИИШ мебошад, ки ин ҳам барои шаклгирии тафаккури солими ҷамъиятӣ дар шароити кунунӣ халал мерасонад.

Аз ҷониби дигар бояд ҳамин нуктаро ҳам қайд намоям, ки расонаи иттилоотӣ фарқе надорад аз шакли таъсисёбӣ бояд бар ҷамъият хизмат кунад на ба гурӯҳҳои ифротиву мазҳабгаро ва ин ҳам дар ҳоле, ки ин сомонаҳои номбурда ба ҷомеа сомонаи таҳлилӣ ё иттилоотӣ муаррифӣ мешаванд. Таҷриба нишон додааст, ки матбуоте, ки дар хизмати як гурӯҳҳи харабкор ва ифротгаро қарор гирифтааст, садҳо маротиба зарарноктар бар ҷамъият мебошад. Ба ҳамин далел бояд мардум ҳини вохӯрдан бо мавод ва матолиби ин гуна сомонаҳои бесару нӯг ё худ бемеъёру ҳовагӯ аз эҳтиёт кор бигиранд ва талош намоянд, то майнаи худро аз чунин маводҳои ифротӣ ҳифз намоянд.

Агар бо чунин шева кори ба ном рӯзноманигорону дар асл душманони миллати тоҷик идома ёбад намешавад ба ин тоифа номе нагузошт, то ҷомеа фарқ кунад, ки иддае, ки пешаи рӯзноманигориро бо мақсадҳои нопок сӯистифода менамоянду ба ҷойи хизмат ба ҷомеа хиёнат карда, идеология ифротии созмонҳои террористиро тарғиб месозанд, ба ҷуз хиёнаткор боз “фоҳишаҳои иттилоотӣ” низ номидан дурусту бамавқеъ аст.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори  ДКМТ