ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: М. САДРИДДИНИ ТЕРРОРИСТ ДУШМАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Имрӯзҳо яке аз хоинони наҳзатӣ, террористӣ дар Афғонистон дар мактабҳои бунёдкардаи созмони террористии “Ал-қоида”  таълимгирифта, М. Садриддини палид бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дурӯғу сафсатанависӣ машғул гардида, талош меварзад, то ҷомеаро бо дурӯғҳояш ба гумроҳӣ барад.

Ин хоини малъун ва касифи лаънатӣ имрӯзҳо сомонаи ифротии ислоҳ.нетро таъсис додааст, ки дар он бештар ҳарзаву дурӯғҳояшро ҷой медиҳад ва ягон сухану навиштаҳояш ҳақиқат надораду ҳамааш туҳмат ва бадбинӣ нисбати миллат мебошад.

Зеро ин палиди наҳзатӣ зери тарбияи террористони “Ал-қоида”-ву “Толибон” ба воя расидаасту асло чашми дидани ҳаёти шириниро инсониро надорад ва худи ҳамин гузаштани М. Садриддин аз мактаб аллакай гувоҳ бар он аст, ки ин малъуни наҳзатӣ бо нияти душмани варзидан бар башарият омода карда шудааст.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатии малъун ва палидро, ки алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарад, маҳкум намуда, ба ҳафт пушташ лаънат мехонем!