“ХИЁНАТ” ҲУҶҶАТИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ШИНОХТИ ХИЁНАТКОРОН

Дар телевизиони кишвар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд, ки аз се қисмат иборат буда, мақсаду маромаш ҳам ошкор намудани чеҳраҳои махуф ва хиёнаткори наҳзатӣ мебошад, ки ба хотири пулу мол даст ба хиёнаткорӣ задаанду хоиниро ҳамчун пеша пазируфтаанд.

Филми мазкур аз ҳама паҳлӯҳои пуштипардагии наҳзатиён, махсусан роҳбари ТТЭ ҲНИ  М.Кабирии малъун  қисса намуда,  розҳои пинҳони ин ашхоси манфур ва душмани миллатро  бозгӯ мекунад, ки воқеан ҳам далелҳои хеле ҷиддӣ ва раднопазир аст.  Ин аст, ки мешавад филми мазкурро дар радифи ҳуҷҷатҳои таърихӣ як санади бузург барои шинохти хоинони миллат номид.

Ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранду бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон дар кишварҳои Аврупоӣ чандин сомонаҳои ифротӣ ва шабакаҳои телевизиониро ташкил додаанд, то бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд, аммо боз журналистони махсусеро низ харидаанд, то ҷомеаро бештар гумроҳ созанд.

Дар қисмати сеюми филм маҳз сухан дар бораи тоифае меравад, ки ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва миллат чанде аз афроди манфуру махуф сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, то бо нашри маводҳои бардурӯғ дасисабозӣ кунанду миёни ҷомеа тухми фитнаву адоват бикоранд.

Сомонаҳои “Кимиёи саодат”, Ахбор.ком, ислоҳ.нет, паём.нет, наҳзат.орг, зиндониён ва ғайраҳо аз қабили сомонаҳои ифротие мебошанд, ки барои тарғибу ташвиқи идеологияи экстремистӣ-террористии ТТЭ ҲНИ сафарбар шудаанду бо маблағҳои хоҷагони хориҷии наҳзатиён фаъолият мебаранд.  Албатта, саркардагони наҳзатиёни манфур аз аввал то ба имрӯз васоити ахбори оммаро ҳамчун василаи гумроҳсозии ҷомеа истифода мекарданд ва ҳоло ҳам аз ҳамин шева кор мебаранд ва воқеан ҳам шинохт аз ин хоинони наҳзатии ба ном рӯзноманигор ва дар асл як хоину террорист ва мубаллиғи идеологияи ифротӣ ба худ қиссаҳои алоҳида дорад, ки ин ҳама дар қисмати сеюми филми “Хиёнат” муфассал зикр гардидааст, ки роҳнамоӣ хубест барои шинохти “арӯсони ниқобпӯши иттилоотӣ” ва парҳез аз гумроҳиву мафкураи ҷоҳилӣ.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ