ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АЗ ХИЁНАТИ ХОИНОН ГУФТ

Ҳарчанд дидгоҳи инсонӣ ба ҳар навъ ҳодиса ва рӯйдод гуногун аст, аммо ҳастанл омилҳое, ки инсонро таҳрик медиҳанд, то ба ин ё он кор даст бизананд. Паёмадҳои охири асри 20 ва аввали асри 21 худ бар он гувоҳӣ медиҳад, ки насли нави башар бештар гумманизмро фаромӯш кардаву ба молпарастиву худпарастӣ гузаштааст. Молпарастии афроди ақлан солим шояд боке надошта бошад ва шояд аз доираи зеҳният аз барои мол ба ҷиноят набарад, аммо ҳастанд афроде, ки аз маърифат дуранду дар сарҳади бӯҳрони бемаърифатӣ қарор доранду моликиятро беҳтар аз ҳама чиз мепиндоранд ва албатта ин тоифа қодиранд барои ба даст овардани молу мулк ва худпарварӣ аз ягон роҳ нагарданд, зеро инро таҷриба исбот намудааст.

Таҷрибаи талхӣ таърих барои миллати тоҷик ин ҳолатро боз ҳам исбот намуд ва боз ҳам равшан сохт, ки чӣ тавр инсонҳо хиёнат мекунанд, ҳатто бар муқаддастарин дороии инсон, яъне Ватан хиёнатро раво мебинанд, ки набахшиданист.

Хиёнаткорони ватанро ҳатто таърих намебахшад ва номашон дар таърихи башарият ҳамчун хиёнаткор боқӣ мемонад.  Олими бузури Фаронса Пир Буаст мегӯяд: “Ҳаст ҷинояте, ки онро пок кардан нашояд ва ин хиёнат бар Ватан мебошад”.  Хиёнаткорро дар ҳеҷ давру замон ба некӣ ёд накардаанду насли башарӣ ҳам онро набахшидааст.

Филми мустанади “Хиёнат”, ки имрӯзҳо дар телевизионҳо ба намоиш гузошта шуд, низ аз ҳамин тоифаи хиёнаткор ва иддае аз пастфитратони молпарасту худпарвар қисса мекунад, ки воқеан ҳам дидани ин манзара бисёр ҳам сабақомӯз аст.  Тасаввур кардан номумкин аст, ки нияти бад, фитрати паст, молпарастиву ҷоҳталабӣ инсонро то ба хиёнат бар Ватану миллат оварда мерасондааст. Филм аз хиёнат ва хоинии аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он Кабирии террорист, қисса менамояд, ки чӣ тавр аз баҳри молу пули хоҷагони хориҷии хеш даст ба хиёнати Ватан задаанд?

Даҳшату ваҳшати овардаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ солҳои 90-ум бар сари миллати тоҷик ҳанӯз ҳам бо ҳарфҳои хунин дар таърихи олам сабт гардидаанд, ки фаромӯш нахоҳа шуд, аммо дубора такрори хиёнат ва кашидани нақшаи харобсозии давлату миллат аз ҷониби наҳзатиёни палид, аллакай як манфуриву пастфитратии ин палидони хиёнаткори наҳзатиро нишон медиҳад.

Воқеан ҳам агар инсонияти ин нафарони гумоштаву зархариди хориҷиро ба риштаи таҳлил бикашем, дармеёбем ки дар ҳақиқат ин афрод барои хиёнат ва хиёнаткорӣ хеле барвақт омода шудаанду дар кӯдаки ин пешаро касб кардаанд. Пас чӣ гуна метавон ин тоифаро хиёнаткор ва ҳабису чашмгурусна нагуфт?

Дар ҳақиқат филми “Хиёнат” даричаест барои шинохти душманони миллати тоҷик дар садаи 21 барои насли ҷавони тоҷик, ки гоҳо ин наслро осебпазир ҳам меноманд. Хиёнаткор ҳаргиз фаромӯш намешавад ва хиёнати наҳзатиён ҳаргиз поккорӣ нахоҳад шуду миллат ҳам ин тоифаи бадкеши наҳзатиро нахоҳад бахшид.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ