Семинар: Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи дарёи Сир, ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва донишҷӯёни
Донишкада ширкат варзиданд.

Баъди шунида шудани маърӯзаҳои асосии семинар олимон, мутахассисон, донишҷӯён масъалаҳои вобаста ба истифодабарии оқилонаи захираҳои об, беҳдошт, омода кардани мутахассисони соҳа, ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотиро муҳокима намуданд.
Таъкид намудан зарур аст, ки семинари мазкур аз ҷониби омӯзгори фаъоли кафедраи экология Саксанова Наима роҳандозӣ карда шуд.