ТЭТ ҲНИ СОЗМОНИ ИФРОТГАРО

  Чуноне,ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд карданд, ки «тероризм ватан,миллат ва мазҳаб надорад».

    Имрӯзҳо ҷаҳонро зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ  ба ташвиш оварда, он ба яке аз масъалаҳои  доғи рӯз  табдил ёфтааст. Ифротгароӣ ба дини мубини  ислом  ягон иртиботе надорад, вале  мутаасифона ин амали зиштро аксари мардуми аз дини мубини ислом бехабар  ба он вобаста мешуморанд.Ҳанӯз дар давраи дар қайди ҳаёт буданашон пайғамбари ислом Муҳаммад(с.с) гуфта буданд, ки рӯзе  мерасад,ки мардуме  пайдо мешаванд ва аз оятҳои китоби муқаддаси  Қуръон ба Шумо ҳарфҳои ширинро гуфта, Шуморо фирефтаи мақсади нопоки худ мекунанд, вале ибодати онҳо аз нӯги шамшерҳояшон дур намеравад ва Шумо ҳаракат кунед, то аз онҳо дурӣ ҷӯед ,то ки ба хуни ноҳақ рехтани онҳо шарик нашавед. Имрӯзҳо ин суханони тиллоии пайғамбари ислом  исботи худро ёфтааст ва маҳз ҳамин ифротгарҳои замони муосир аз номи дини мубини ислом ба қатлу куштор машғул гашта, амалҳои нопокашонро бо номи дини ислом рӯйпӯш мекунанд. Рехтани хуни ноҳақ ин гуноҳи кабира буда, қотил мубталои оташи дӯзах мегардад, ки нуқта дар оятҳои  китоби муқаддас  дарҷ гардидааст. Дар Тоҷикистон низ дар даврони истиқлолият ҳизби наҳзати ислом  арзи ҳастӣ  кард, ки худро ҳомии дини ислом ва мусулмонҳои кишвар номида, майнаи  ҷавононро гич кард, ки дар натиҷа  воқеаҳои мудҳиши   солҳои 90-уми асри ХХ сар зад. Дар  натиҷаи  ноогоҳию  ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бархе аз гурӯҳҳои фурсатталаб гардидани мардум ва уламои динӣ ба вуқӯъ пайваст.  Баъди соҳиби истиқлолият шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориҷи кишвар бо сарварии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ байни минтақаҳои гуногуни он низо ва кинаву адоватро  паҳн карданд .  Дар натиҷа дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, дар давлат бесару сомонӣ ва беҳукуматӣ ба вуҷуд омада, тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардид.    

Барои барқарорсозии сулҳу субот соли 1997  байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи истиқрори сулҳ баста шудан , як маротиба ба ин ҳизб имконият дода шуда буд,ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад, мувофиқи он  ба намояндагони мухолифин 30% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, намояндагонаш дар мақомотҳои мухатлифи давлатӣ аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифа таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Вале ТЭТ ҲНИ дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонуни касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намояд. Ва минбаъд аз ҳамин роҳ ин ҳизб тавонист низоми давлатдории дунявиро бадном созад ва аз мақомоти қонунгузорию қудратӣ барои амалисозии андешаҳои динӣ-сиёсии худ суистифода карда, бо ҳамин амалҳо созишномаи сулҳро, ки мувофиқи он ТЭТ ҲНИ давлати дунявиро эътироф карда буд, поймол кард. Баъди вафоти роҳбари онвақтаи ТЭТ ҲНИ Саид Абдуллои Нурӣ муносибати аъзоёни ин ҳизб бо ҳукумат дигаргун шудан гирифт ва он  боиси ошӯби ТЭТ ҲНИ бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 гардид. Бояд қайд кард, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд.Чуноне,ки аз ахбороти шабакаҳои иҷтимоӣ бар меояд  руйдодҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки дини ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. Ҳизбсозию сиёсисозии ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд.Кори имрӯзи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Таҳлил фаъолияти ТЭТ ҲНИ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб таалуқдошта нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. 

Дар хотима бояд қайд кард,ки талошҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии  Роҳбари давлат баҳри гул-гулшукуфоии мамлакатамон имконият намедиҳад,ки  дигар бора мардуми шарифи тоҷик фирефтаи дасисабозиҳои ин ҳизби малъунон гарданд.

Fафоров С.Ҷ

омузгори калони  кафедраи ФТИ