ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: НОТАВОНБИНОН ОБОДИИ КИШВАРРО ДИДАН НАМЕХОҲАНД

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чанд соли соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон Тоҷикистон босуръат рушд карда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ навгониҳо дида мешавад. Дар чанд соли охир вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум беҳтар гардида, маърифати молиявии сокинон баланд гардид. Ҳоло дар мамлакат чандин муассисаҳои хизматрасонии бонкӣ ва бонкҳои хусусӣ фаъолият доранд, ки сокинон аз кори аксарияти бонкҳои давлативу ғайри давлатӣ қаноатманданд.

Бояд зикр кунем, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сабаб шуд, ки имрӯз мо ҳамчун кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем. Вале ин шабу рӯз  бешрафон ва хоинони миллат бо ҳар роҳу усул мехоҳанд нигоҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои мо сиёҳ созанд. Рӯзҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳое аз тарафи гуруҳҳои номатлуби ҷомеа паҳн гардида истодааст, ки  бисёр ҳам хандаовар ва мазҳакаороист.

Махсусан аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва дигар афроди бешарафу беномуси дар хориҷ қарор гирифта, ҳоло талош мекунанд, ки бо хабарҳои дурӯғу иғвобарангез миллатро гумроҳ созанд ва ба ҳамин баҳона мақсади хоҷагони хориҷияшонро бароварда созанд, ки ин хиёнати бузург бар миллати тоҷик мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро, ки боиси хандахареш гардидааст, маҳкум намуда, талош менамоем, ки суханони бардурӯғу иғвобарангези онҳо, ки боиси нороҳатии мардум гардидааст, дигар нашр нагардад.