ТЭТ ҲНИ МАҚАРИ ТЕРРОРИСТОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мо тайи чанд рӯзи охир шоҳиди воқеаву моҷароҳои зиёди байналмилалӣ шудаистодаем ва аксарияти ин моҷароҳо кори дасти террористон ва афроди маргталаби роҳгум мебошад. Амалан маълум аст, ки ин кори афроди муайяне аз доираи кишварҳои қудратхоҳ мебошад, вале бо нигоҳи холис ба он баҳо додан басо мушкил аст. Зеро ин кишварҳо тибқи барномаи худ ҳаргиз аз гурӯҳҳои террористиву ифротии бузург истифода намебаранд ва намехоҳанд, ки ҳангомаи зиёде ба сарашон бор шавад, фақат мехоҳанд, ки як ду ҳадафи худро ба даст оранд, албатта тавассути анҷом додани амалҳои номатлуби террористӣ.

Ин ҳамон амалест, ки дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз ин ба манфиати худ истифода менамоянд. Абарқудратҳо ҳамеша аз гурӯҳҳои маҳаллӣ истифода менамоянд ва ин барои онҳо хеле арзон ба даст меояд. Масалан амалҳои террористиро гурӯҳи Толибон дигар барои супориш анҷом намедиҳад ва толибон ҳам намехоҳанд, ки дигар барои маблағ кор кунанд. Онҳо имрӯз талаби мансаб ва курсии давлатдорӣ кардаистодаанд ва барои орои сиёсати худро муаррифӣ кардан онҳо аз зулм истифода мекунанд. Яъне аз рӯи принсипҳои давлатдории эрониён, ки имрӯз ба ҳама маълум аст.

Бармегардем сари мавзӯъ, бояд инро ҳам қайд кунам, ки имрӯз ин абарқудратҳо ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ намехоҳанд бо дастаҳои бузурги террористӣ сару кор бигиранду имконият ва роҳбариятро аз даст диҳанд. Онҳо бо ташкилотҳои хурди маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунанд ва ин ташкилотҳои хурдро сармоягузорӣ менамоянд.

ТЭТ ҲНИ ҳам ҳамин гуна як гурӯҳи террористӣ буд, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва сафарбар намудани афроди гумроҳ ба Сурияву дигар кишварҳои дар тасаруфи террористон буда, мебошад. Аммо чанд соли охир мо шоҳид шудем, ки Кабирӣ фаъолияташро як зина боло бурдааст ва ташкилоти хурди маҳаллиро ба як созмони террористии байналмилалӣ табдил додааст ва аъзоёни ин ҳизб имрӯз дар тамоми ҷаҳон, махсусан дар Сурияву Афғонистон амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд ва ба равнади сулҳи Афғонистон хала ворид месозанд.

Мақсади ТЭТ ҲНИ ин вайрон намудани суботи ҷомеа, барҳам задани принсипҳои демкоратӣ ва ба мустамлика табдил додани кишвар буд, ки инро мо дар амалҳои террористии соли 2015 шоҳид шудем. Зеро ТЭТ ҲНИ он вақт супориш гирифта буд, ки ин корро бикунад ва хоҷагони хориҷияш ҳам уро интизор буданд. Лек сарбозони далери Ватан, кормандони мақомот пеши роҳи онҳоро гирифтанд ва ба ҳамин баҳона Кабирии палид аз Ватан фирор кард.

Ҳарчанд ин аблаҳ имрӯз дар хориҷа зиндагӣ мекунад, аммо ҳоло ҳам ба миллати тоҷик хиёнат мекунад ва обрӯву эътибори Тоҷикистонро мехоҳад паст намояд.

                                                                  Парвизи Машҳур

                                                                  коршиноси масоили сиёсӣ