ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ…

Ифротгароӣ ва терроризм дин мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз Ислом ба чунин мақсадҳои зист роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон, дар назди қонун ҷавоб гӯянд…

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаҳони муосир нафрату бадбинӣ ҳамчун мушкили аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Сарчашмаи аксар ҷиноятҳо ва ҷангу кушторҳо маҳз нафрати як инсоне ё як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар буда, метавонад сохтаҳои садсоларо дар муддати кӯтоҳ нобуд созад. Дар таърихи башар идеологияҳое буданд, ки нафрату бадбиниро дар худ дошта онро тарғиб мекарданд.

Бештар онҳо нобуд ё ислоҳ шуда, дар худ унсурҳои инсондӯстиро ҷой доданд, то ҳақи вуҷуд доштанро дар ҷаҳони муосир дошта бошанд.   Мутаассифона, на ҳама идеологияҳо ва гурӯҳҳои нафратовар аз байн рафтанд ва ҳоло ҳам ҳастанд гурӯҳҳои ифротие, ки аз озодиҳои низоми демократӣ истифода карда, миёни ҷомеа ба хотири манфиатҳои нопокашон нафрату тафриқа меандозанд.

ТЭТ ҲНИ аз ҷумлаи онҳост, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сангин содир намуд ва барои дастёбӣ ба мақсадҳои ғаразнокаш ҳатто ҷанги шаҳрвандиро ташкил кард. Дар натиҷаи чунин амалҳои душманонаи назҳатиҳо шумораи зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ кушта ва бехонумон гардиданд. Оқибатҳои ҷангу амалҳои террористии назҳатиҳо барои чанд сол пешравию инкишофи соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти ватанамон садди роҳ гардид.

Лек, бо шармандагию бадном гардидан, назҳатиҳо имрӯз бо сардории роҳбари фирориаш Муҳиддин Кабирӣ, аз  фурсати барои худ муносиб истифода карда, санги нафрату бадбинӣ бар сари давлату мардуми Тоҷикистон мезананд. Ин гурӯҳ ҳаждаҳ сол дар дохил имкони озод фаъолият карданро дошт ва ба ҷойи сохтани як муносибати дӯстона бо ҳама қишрҳои ҷомеа, ҳар қадаре ки тавонист тухми нафрату бадбиниро кошт.

Дар натиҷа тақрибан ҳазор парвардаи идеологияи нафратноки он дар дохил имкони амал наёфта, ба “ДИИШ” пайвастанд. Қисме дигараш ҳам даст ба табаддулот зада, ноком шуданд. Роҳбари ин гурӯҳ ва фармондеҳи ин ҳама хунрезӣ, ҳатто ба ҳамсафони худ хиёнат карда, ба Аврупо паноҳ бурд.

Дар Аврупо бо пулҳои аз хоҷагони хориҷиашон талабида, сомонаи интернетӣ сохта, дар он бо дурӯғу тӯҳмат ба сиёҳкунии Ҳукумати Тоҷикистон машғул шуда, мехоҳад бо роҳи тухми кина коштан дар миёни ҷомеа ҷидол андозад. Ба амсоли назҳатиҳо ҳукуматро ба фасодкорӣ беасос тӯҳмат мекунанд. Хиёнат ба ватану миллати хеш карда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд, ки ба муқобили Тоҷикистон таҳримҳо ҷорӣ карда шаванд. Хабари дурӯғ паҳн месозанд, ки масҷидҳоро бастан ё бегуноҳонро ҳабс кардаанд. Шумораи ин бадномкунию дурӯғгӯиҳо хеле зиёд ва ин амалҳо баёнгари он аст, ки масъулини ин созмони ғайриқонунӣ аз ягон амали пасту разилона рӯй намегардонанд.

 

                         Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                       Ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

 Бале, ислом дар зоти худ гуноҳе надорад, ҳар он айбе ки ҳаст аз сатҳи пасти маърифат ва ҷоҳилии инсоният, ки дар саргоҳи он қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12 майи соли 2018, дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки «Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад».

 Имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз лиҳоз, имрӯз тадбирҳои муҳими ҳамаи давлатҳо барои мубориза ба зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ равона гардидаанд.

Ташкилоти  экстремистии ҲНИ аз ҷумлаи онҳост, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуд ва барои муваффақ шудан ба мақсадҳои ғаразнокаш ҳатто ҷанги шаҳрвандиро ташкил кард. Бо амалҳои ношоистаи назҳатиҳо, шумораи зиёди мардуми бегуноҳ кушта, оқибат чанд сол пешравию инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон боздошт гардид.

Аммо ба шармандаю бадном шудан нигоҳ накарда, назҳатиҳо имрӯз бо сардории роҳбари фирориашон,ки мисли саги дайду кишвар ба кишвар овора аст, аз ҳар фурсади барои худ муносиб истифода карда, санги маломат ва нафрату бадбинӣ бар сари давлату мардуми Тоҷикистон мезанад, Магар  Муҳиддин Кабириро модари тоҷик назодааст, ки хиёнат ба Ватан мекунад?!

 Дар Аврупо бо пулҳои аз хоҷагони хориҷиаш талабида, сомонаи интернетӣ сохта, дар он бо дурӯғу туҳмат ва сиёҳкунии Ҳукумати Тоҷикистон машғул шудааст.

 Бадбахтона, дар даврони мо ҷоҳилони худпараст, муллоҳои худнамуди  пайравони Кабирии беватан ҳастанд, ки аз номи Ислом истифода мекунанд ва ҳастӣ ва дору надори мардуми тоҷикро ғорат карда, хуни миллатро мемаканд. Бархе гумроҳон низ аз номи Ислом истифода карда, ҷавонони тоҷикро ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ даъват мекунанд. Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:

                 Мабӯс ҷузъ лаби соқию ҷоми май Ҳофиз

                Ки дасти зуҳдфурӯшон хатост бӯсидан.

Аз ин ҷост, ки ТТЭ ҲНИ дигар дар Тоҷикистони азизи мо  ягон ҷойгоҳ надорад, заифу нотавон аст ва пурра нест шудани он ногузир аст. Моро мебояд, ки тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода, идеяҳои нафратангези  онҳоро рад намуда, дар мубориза бо    онҳо дар фазои орому осоишта зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

          Ба қадри зиндагии орому осоишта расида, ҳамарӯза аз он шукргузорӣ намуда, барои гул-гулшукуфии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

 

                              дотсент Аминҷонова М.

                             мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ