ТТЭ ПМТ СОЗМОНИ ДУШМАНОН БАР АЛАЙҲИ МИЛЛАТ

Чандест, ки дар расонаҳо роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палид ва разил бо таъсиси созмони наваш бо чанд аъзои  гулу гаранг ва авбошу хирасараш талош менамояд, ки обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намояд.  Ҳарчанд ин корро наҳзатиён зери чатри ТТЭ ҲНИ анҷом медоданд, аммо бо исбот шудани амалҳои террористии наҳзатиён ва ба таври комил ошкор гардидани робитаи ТТЭ ҲНИ бо хадамоти махсуси ҶИЭ ва созмони террористии «Давлати исломӣ» онҳо дар чеҳра ниқоби нав кашиданд, ки акнун номи дигарро ба худ касб кардааст ва он ҳам бошад ТТЭ ПМТ мебошад, ки бо сармоягузорони ТТЭ ҲНИ, яъне ҳамон хоҷаҳои хориҷии Кабирии террорист таъсис шудааст ва ҳамон барномаи хоинонаву зиддимиллиро идома медиҳад.

Ба хотири он ки мардум аз чеҳраи манфур ва террористу хоинонаи наҳзатиён огоҳ гардиданд, Кабирии пали два авбош ТТЭ ПМТ-ро ташкил кард, ки он аслан ҳамон барномаҳои ТТЭ ҲНИ-ро амалӣ месозад ва аъзоёнаш ҳам ҳамон чанд нафар рӯзноманигорони наҳзатӣ мебошанд. Дар илова ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки наҳзатиёни пали два разилу авбош ба хотири бештар таъсири психологӣ расонидан ба мафкураи ҷавонон ва зудтар ифротӣ сохтани онҳо аз хизмати ҳамин рӯзноманигорони шаурмапараст истифода мекунанд, ки аслан  қобили мулоҳиза нест. Зеро ин наҳзатиён чанд нафар рӯзноманигори чаласаводро дар ҷомеа ба ҳадди олӣ муаррифӣ карда, аз пашша фил сохтанд ва ба ибораи дигар гӯем ин рӯзноманигоронро аз рӯзномаву маҷалла ҳам баландтар муаррифӣ карданд, то мардумро гумроҳ созанд, аммо дар асл бошад ин тоифаи ба ном рӯзноманигоро ду ҷумлаи дуруст навишта наметавонанд ва агар ки нависанд он ҳам ба таърифи ҳамин наҳзатиён бахшида шудаасту халос.

Ҳамон гуна, ки ҳамагон хуб медонем, феълан ин рӯзноманигорон ҳамчун рӯзноманигорони варзидаи ТТЭ ҲНИ дар Аврупо қарор гирифта, барои расонаҳои наҳзатиёни террорист матлаб менависанд ва матлабҳои навиштаҳояшон ҳам аксаран аз савсатаву дурӯғу кинаварзӣ пур гардидааст, ки ба хонданаш шарми инсон меояд. Аммо ин навиштаҳо барои наҳзатиёни палид хеле арзиш дорад, зеро ин мақолаҳоро ҳамон рӯзноманигорони худхонда навиштаанд ва ба ибораи дигар гӯем ҳамон хоинон ва душманону бадномкунандагони касби журналистика навиштаанд, ки ба ин тоифа фақат шарматон бод мегӯему халос.

Ҳарчанд Кабирии палид ва авбошу террорист мехоҳад, ки бо истифода аз ин рӯзноманигорон худро миёни мардум ҳамчун як демкорат муаррифӣ кунад, аммо асли ҳақиқат ин аст, ки ин кабирии террорист бештар аз макру найрангҳои ҳизби ҳамкораш ТТЭ «Ихвон-ул-муслимин»  истифода намуда, мехоҳад ҷавононро фирефтаи ақидаҳои ифротии худ созад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зӯран ғасб намудани ҳокимият ҷиноят ва маҳкум карда шудааст, аммо наҳзатиёни пали два ҳамин Кабирии малъун аз равияи террористони мисрӣ кор гирифта мехоҳад ба таври зӯрӣ бе розигии мардум худро ҳоким эълон кунад, ки ин бар хилофи ҳама гуна арзишҳои ҷомеаи маданӣ мебошад. Аз ҷониби дигар ҳарчанд Кабирии палид имрӯзҳо худашро демократ муаррифӣ мекунад, аммо на андешаи демократӣ дорад ва на рафтору амалаш ба демократия наздик аст. Ин хирасар наҳзатӣ бештар ба террористон такя намуда, мехоҳад тариқи террористони наҳзатӣ ба ҳама мақсадҳои касифаш бирасад ва ин рӯзноманигорони наҳзатӣ ӯро ба таври зарурӣ дар чашми ҷомеа сафед кунанд, ки ин як хиёнати бузург ба пешаи рӯзноманигорӣ мебошад.

Ҳоло ҳамин Кабирии малъун бо истифода аз чанд рӯзноманигори наҳзатӣ мехоҳад худашро ҳамчун чеҳраи таъсиргузор ва як олими хеле донишманд муаррифӣ кунад, ки дар асл бошад ин Кабирии палид саводи дуруст ҳам надорад ва ягон таҳлилу мавқеъгириҳояш ҳам дуруст нест.

Ҳарчанд дар  ин чанд соли охир барояш анъана шудааст, ки ба ин ё он воқеа ҳамчун таҳлилгар  баҳодиҳӣ мекунад, ки аслан дуруст ҳам нест ва ҳатто кӯдаки хурдсол метавонад бесаводиҳояшро бараъло эҳсос намояд.

Чизи дигаре, ки ин ҷо мехоҳам ёдрас шавам ва ба хонандаи азиз ҳам аз он бигӯям ин шинохти ТТЭ ҲНИ мебошад, ки  бояд  дар шинохти чеҳраи аслии он, яъне чеҳраи хоинонаву манфуронаи наҳзатиён мо бояд ба таври  ошкоро кор барем ва ин террористони наҳзатиро ки имрӯзҳо аллакай тағйири ном кардаанд, ба ҷавонон  бигӯем ва ин палидони наҳзатиро, ки садҳо мактаби терррористиро гузаштаанду бо даҳҳо созмонҳи террористии ҷаҳон ҳамкорӣ доранд  ифшо созем.

Облоқулов Воҳидҷон

муовини декан оид ба тарбия