ТИҲӢ ГАРДАД ЗАМИН АЗ ДУШМАНИ НОХАЛАФ

Имрӯзҳо шароите  ба вуҷуд омадааст, ки сари ҳар як қадам миллати сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик бо душмане, бо номарде, бо носипосе, бо нохалафе дучор меояд, ки баҳри хиёнат камар бастаасту душманӣ меварзад. Воқеан ҳам охири садаи 20-ум ва аввали асри 21 барои тамоми ҷаҳон як рӯйдоди нав ва раванди шаклгирии падидаҳои нави геополикӣ буд. Аз ҷониби дигар зуҳури гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои мазҳабиву ифротӣ, ки бештар мақсади ба ҳам задани тамаддунҳову фарҳангҳоро дорад, ба шаклгирии ҳаёти мустақил халал расонид.

Ин буд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар заминаи ҳамин гурӯҳҳову ҷараёнҳои мазҳабӣ ба вуҷуд омаданд ва оқибат зиндагии ороми мардум халалдор гардиду ба зиндагии мардум як ҷараёни нави таъсиррасон ё худ халалрасон пайдо гардид, ки онро имрӯз падидаи номатлуби аср меноманд.  Ва ин ҳақиқатест бебаҳс. Зеро гуррӯҳҳо ва созмонҳои террористиву экстремистӣ имрӯз як низоми нав ё худ як шакли нави хатар бар ҷони башарият гардидаанд, ки мо оқибати даҳшатбори амалҳои ин созмону гурӯҳҳоро дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мушоҳида менамоем ва рӯзе нест, ки дар расонаҳо ва матбуоти даврӣ хабаре аз натиҷаи бад ва ҳамлаи маргталабону террористон нашр нашавад, ки ин ҳолат воқеан ҳам нигаронкунанда мебошад.

Чунки ин ҷо баҳс дар бораи ҳаёти инсон  ва ё тақдири  инсон меравад, ки чӣ тавр аз дасти худи инсон мавриди беқадриву шиканҷа қарор мегирад. Мо хуб медонем, ки террористону ифротгароён баҳонаҳои вижаи худро доранд ва асло ба ҳаёти одамӣ раҳме ҳам намекунанду дар асоси барномаи таҳмилшуда бар хотираашон амал менамоянд, ки ин ҳам нишонаи таъсири равонӣ бар майнаи инсон мебошад. Зеро чӣ тавр мешавад, ки як инсон бар инсони бегуноҳ ҳамла намояду садҳо бегуноҳро ба қатл расонад?

Ё чӣ тавр дилат мешавад, ки кӯдаконро ба қатл мерасонӣ?

Оё ин рафтори одамист?

Баъзан зуҳури ин гуна гурӯҳҳо ва созмонҳоро заминаи мазҳабӣ дорад гӯён ёд мекунанд, аммо суоле матраҳ ин ҷост, ки дар кадом дину мазҳаб ба қатли тифли бегуноҳ иҷозат дода шудааст?

Оё дине ё равияе ҳаст, ки куштор ва қатлро раво дониста бошад?

Агар чунин аст, пас ҳикмати дин ва ё худ мазҳаб, ки ядрояш ахлоқ аст, чӣ мешавад?

Ин ҳам дар ҳоле, ки имрӯзҳо чунин гурӯҳҳо хеле зиёд гаштаву даъвои дину мазҳаб ва риояти қонунҳои шариат менамоянд, аммо дар асл рафтору кирдорашон бар хилофи оину тамаддун мебошад. Барои мисол метавон ҳамин Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро ёдрас шуд, ки дар аввали фаъолияти худ ҳамчун ҳомии дину мазҳаб худро муаррифӣ намуда, ояву ҳадис ва фармудаҳои қурониро нодуруст бар мардум шарҳу тавзеҳ дода, миёни ҷомеа тухми кинаро барангехт, ки ин бисёр амали нодуруст мебошад. Дертар маълум шуд, ки аъзоёни ин ташкилоти террористӣ бо супориши хоҷаҳои хориҷияшон фаъолият намуда, мақсадашон ҳам гумроҳ намудани ҷамъият будаасту онҳо худро пушти номи ислом ва оин пинҳон доштаанд.

Пас чӣ гуна мешавад аз чунин афроди ба ном исломиву дар асл душмани дину мазҳаб ва инсоният ҳамчун террорист ёд накард?

Воқеан ҳам амалҳои террористии содирнамудаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ бозгӯи он аст, ки онҳо дар ҳақиқат ҳам террористони бадкешанд, ки на тарбияи инсонӣ гирифтаанду на саводи ҷамъиятӣ омӯхтаанд, то тавонанд бо чашми хирад бар ҷаҳон бингаранд ва интиҳову ибтидои онҳо ҳамон ҷаҳони торики ифротгароиву даҳшатафканист, ки имрӯз дар ҳамон роҳ мераванд.

Пас бояд ин иддаоро ҳар як сокини сайёраи замин дошта бошад, ки ҷаҳон аз чунин нохалафону носипосону номардон тиҳӣ гардад, то амалҳои мардонаву шуҷоатҳои қаҳрамонон ҷилодори ангуштарини мардонагиву шараф бигардаду ҷаҳониён тавонон аз равзанаи меҳру садоқат ва одамӣ бар ҳамдигар бингаранду дасти муҳаббат дароз намоянд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ