ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД

Ҳамагон хуб медонем, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро пандемияи Ковид-19 ё коронавирус фаро гирифтаасту ҷаҳониён дар мубориза бо ин вабои ҳамагир мебошанд. Ин вабо ба кишвари мо ҳам омада буд ва хушбахтона имрӯзҳо нияти ба таври комил аз кишвари мо рафтанро дорад, яъне аллакай аксари беморхонаҳо аз беморони сироятёфтаи ин вабо холӣ шуданду миллат низ ҳоло нафаси тоза мекашад. Лек бадхоҳону душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа аз ин фурсат истифода намуда, ҳар рӯз туӯҳматномаву матлабҳои бардурӯғи иғвобараргез ба нашр мерасонанд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Аммо аз чӣ бошад, ки аз рӯзҳои нахустини пайдо шудани ин маризии ҳамагир наҳзатиёни даҳони сиёҳи худро калон кушода ба кишвари мо омадани ин вирусро орзу мекарданду ҳарза мегуфтанд, вақте ки ин вируси ҳамагир пайдо зад, дигар ҷонашон ором гирифту ба минқор задан бар ҷони миллат оғоз намуданд.

Ҷаҳониён  дигар бо пайдо шудани ин вируси навпайдо аз танишҳо ва баҳсу мудохилаи сиёсӣ даст кашиданд, то ҳама яксар бо ин вабо мубориза баранду ҷони миллатро наҷот бахшанд. Ҳатто муншии СММ аз тамоми созмонҳои ифротгаро ва гурӯҳҳои ҷангталаб тақозо намуд, ки барои ором нигоҳ доштани минтақа аз хунрезиву размҳову моҷароҷӯиҳо даст бикашанд. Вале ин масъала гӯё бар наҳзатиёни палид, ки дар асл душмани инсоният ҳастанд дахле надошта бошад, ки шабу рӯз ба иғвобарангезиву дасисабозӣ пардохтанд, ки ин албатта рақсу сурур дар мусибати миллатро мемонад.

Пас чӣ гуна мешавад ин ҳаромзодаҳои наҳзатиро инсон гуфт?

Оё ҳамин амали наҳзатиён худ гувоҳ аз рафтори ношоиставу кирдори номатлуби онҳо нест?

Оё ҳамин рафтору амал баёнгари душмани воқеии миллат будани наҳзатиён нест?

Пас он хиради волои инсонӣ куҷо мешавад, ки наҳзатиён имрӯз теша бар решаи миллат задани мешавнаду мехоҳанд дар мушкилтарин соат ба ҷойи ҳамдардарду ғамгусор будан бар гумроҳсозии он мепардозанд. Ва воқеан ҳам теорияи ҷамъиятӣ ҳам бори дигар исбот намуд, ки наҳзатиёни манфур ва палид  на инсонанду на раҳме бар инсон доранд ва решаи ин албатта аз ҳамон бетарбиягиву дар муҳити нодуруст ба воя расидани наҳзатиён шаҳодат медиҳад. Вагарна чӣ бадӣ дорад бо чашми хирад ва нек бар ҷаҳон нигаристан?

Аммо чӣ кунем, ки наҳзатиён дар рӯҳия бади инсонбадбинӣ ва бадкешиву бадгавҳарӣ ба воя расидаанду тарбия ёфтаанд ва ҳамин аст, ки ба хотири пулу мол шуда, ҳатто даст ба хиёнату хоинӣ мезананд, то шиками худ сер кунанд. Албатта, ин гуна инсонҳо рафтори нек ва амали шоистаро намедонанд ва хиёнату хоинӣ ҳам барояшон пешаву роҳи даромад асту халос.  Зеро наҳзатиён дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфтаанду имрӯз зархариди душмани миллати хеш гардидаанду бар алайҳи ҳамватанони худ душманӣ меварзанд, бар Ватани худ хиёнат мекунанд, то маблағ ба даст оранд. Ин аст, чеҳраи аслӣ ва воқеии наҳзатиёни касифу палид ва малъун.

Аз ин лиҳоз ҳар як фарди солиму ватандӯст ва ҷавонро лозим меояд, то бар алайҳи душмани миллати тоҷик мубориза барад ва худро аз макру ҳилла ва найрангҳои душманони наҳзатӣ ҳифз намояд, зеро ин хиёнаткорони наҳзатӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа аз тамоми роҳу восита истифода мебаранд, то бар хоҷагони хориҷияшон ҳисобот диҳанд.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ