ТЕРРОРИЗМ ХАТАРЕСТ БА ҶОМЕА ВА ОЯНДАИ ИНСОНИЯТ

Ҳеҷ як кишвари ҷаҳон, ҳатто абарқудраттарин давлатҳо аз хатари терроризм ва экстремизм эмин буда наметавонанд. Бинобарҳамин ҳам. Пешвои муаззами миллатамон дар Паёмашон доир ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда қайд намуданд, ки “Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгроӣ ва таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем” (Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш. Душанбе, 22 декабри соли 2017).

Сарвари давлатамон  ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва эътирофшудаи асри 21 аз байни сиёсатмадорон ва сарони давлатҳои ҷаҳон аввалин шуда, аз минбари баланди СММ на танҳо дар масъалаи об, балки дар мавриди паҳншавии хатари терроризм ва таҳдидҳои он  ба ояндаи инсоният ибрози андеша намуданд. Дар ниҳоят воқеаҳои Сурия, Либия, Ироқ, Яман ва Афғонистон дурустии пешбиниҳои ҳушдорсозандаи Сарвари кишварамонро исбот намуданд. Хусусан, амали террористие, ки 11-сентябри соли 2001 дар нерумандтарин кишвари дунё Амрико анҷом дода шуд, воқеияти сухани Пешвои миллати тоҷиконро, ки  “терроризм марз намешиносад ва миллат надорад” исбот намуд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм баҳои баланд медиҳанд. Аз ҷумла, дар конфронси байналмилалии зидди терроризм ва экстремизм, ки соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гардид, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар суханронии худ қайд намуд, ки “Тоҷикистон бар зидди терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиро, ки метавонист, тамоми Осиёи Марказиро мубтало кунад, гирифт”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи аввалин кишварҳоест, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм якчанд қонунҳо ва санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро ба монанди “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 – декабри соли 2003 “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро  қабул намудааст.

Аз ин лиҳоз, имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва қонуну санадҳои дар боло зикршударо,  ба роҳбарӣ гирифта, дар таъмини амнияти Ватан саҳмгузор бошем. Зеро яке аз талаботҳои қонуни мазкур ин ташаккул додани вазъи тоқатнопазирии аҳолии ҷумҳурӣ хусусан, ҷавонон нисбат ба терроризм ва экстромизм мебошад. Дар руҳияи тоқатнопазирӣ ва нафрату адоват нисбат ба терроризм тарбия намудани ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимтарини оила, ҷомеъа ва муассисаҳои таълимӣ маъсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020  моро водор месозад, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро пурзӯр намуда, ҷавонону мутахассисони ватандуст ва худогоҳро ба камол расонем. Зеро душманони миллат, ташкилоту гуруҳҳои экстремистӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд, маҳз ҷавононро ҳамчун қишри осебпазири ҷомеъа ба доми худ кашанд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм  ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.

Бо иқдоми Пешвои миллатамон эълон гардидани “Соли ҷавонон”, ба корҳои идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷалб намудани ҷавонон, дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо аввалият додан ва ғамхорӣ намудан ба мутахассисони ҷавон, таъмин намудани иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои варзишии сатҳи чумҳуриявию байналхалқӣ, олимпиадаҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ ва ғайра аз зумраи тадбирҳое мебошанд, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ равона карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо вуҷули талошҳои зиёди давлат ва мақомотҳои қудратию интизомии кишвар ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд, оромию осудагии кишварамонро халалдор созанд. Хусусан, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз ибтидои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкими далатдории навин пайваста, кирдорҳои хиёнаткоронаи худро дар қолаби “демократия” ва дину мазҳаб ҷой дода мехоҳад, бо роҳи табаддулоти низомӣ ба сари қудрат ояд. Танҳо аз соли 1997 то соли 2015 дар қаламрави ҷумҳурӣ ТЭТ ҲНИ зиёда аз 30 амали террористиро анҷом додааст. Баъди он, ки соли 2015 бо қарори  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардид, фаъолияти худро бо дастгирии пуштибононии хориҷии худ дар хориҷи кишвар давом дода истодааст.

Терроризм ва экстремизм дар кадом шакле, ки зуҳур намояд, яке аз хатарҳои фоҷиабори замони муосир ва ояндаи инсоният мебошад. Дар шароити имрӯза терроризм хатари воқеиест, ки ба амнияту бехатарии кишварҳо таҳдид менамояд. Амали мудҳиши террористие, ки 11 сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико анҷом дода шуд, исбот намуд, ки ҳеҷ як кишвари ҷаҳон, ҳатто абарқудраттарин давлатҳо аз хатари  терроризм эмин нестанд.

Хушбахтона, имрӯз кулли кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ташкилоти террористӣ-экстремистӣ будани ҲНИ-ро эътироф мекунанд, ки ин натиҷаи ҷаҳд ва талошҳои Сарвари давлат, Ҳукумат ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад. Аммо вазъи печидаи ҷаҳони муосир, сиёсати ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, бархӯрди тамаддунҳо ва доман паҳн намудани терроризм аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ифтихори ватандориро тақозо менамояд.

Аз ин хотир, мо бояд дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсиро ташаккул диҳем. Вобаста ба ин масъала-яъне оид ба сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он чанд андешаи худро баён менамоем.

Тавре,ки маълум аст ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ дар амалисозии ниятҳои ғаразноки худ бештар ба ҷавонон такя мекунанд. Тибқи нишондоди таҳлилгарон дар чангҳои Сурия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷумла, Тоҷикистон бештар ҷавонон ҷалб карда шуданд ва маҳз ҳамин ҷавонони роҳгумкарда, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуда ба ин гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд.

Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон ба ақидаи таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳо мешаванд. Чуноне, ки аз хабарҳои расонаҳо бармеоянд, ин гурӯҳҳои экстремистӣ  ба ҷавонон маблағҳои калон ва ҳатто ҷойҳои хуби кориро ваъда мекунанд.

Сабаби дигари ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон дуруст дарк накардани моҳият ва мазмуни дини мубини ислом мебошад.  Қисмати зиёди ҷавонон ҳатто намедонанд, ки ҷанги мусулмон бо мусулмон, ба шаҳодат расидани мусулмон аз дасти мусулмон ҳеҷ гоҳ маънои “ҷиҳод” ва  “шаҳид” шуданро надорад.

Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонад, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаи интернет  паҳн карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки бузургони миллати куҳанбунёди мо аз худ мероси бузурги маънавиро боқӣ мондаанд, ба монанди “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус, “Сиёсатнома”-и Низоммулмулк, ки ин асарҳо саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, некукорӣ мебошанд. Вақти он расидааст, ки ҷавонон баҳри баланд бардоштани маънавиёти худ бештари вақти худро бояд барои мутолиаи ин мероси бузурги ниёгон сарф намоянд.

Ҳамин тавр, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, раванди тезутундшавии манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, паҳншавии терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари воқеӣ ба ояндаи инсоният, бархӯрди фарҳангҳои гуногун тақозо менамояд, ки ҷавононро ба ҳайси нерӯи пешбарандаи ҷомеа барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ҳамеша омода намоем.

 

Фозилзода Мухтор Муродалӣ

ректори Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон,

Садриддинов Аслиддин-   устоди донишкада