ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Хотираи таърих фаромуш ношуданист, ҳар амалу рафторҳоеро, ки содир намоем сапт хоҳад намуд. Амалу рафторҳое, ки солҳои 90-уми асри гузашта аъзоён ва пайравони ТТЭ собиқ ҲНИ бо супориши хоҷагони хориҷиашон мафкураи мардумро олуда намуда, сохти давлатдориро вайрон намуданд. Хостанд бо ин роҳ зимоми давлатдориро ба дасти худ бигиранд. Бародарро бо бародар, писарро бар зидди падар шӯрониданд. Дар назди падар духтарони ноболиғ ва ҳамсарони онҳоро таҷовуз карда, бераҳмона ба қатл расониданд. Садҳо ҳазор мардуми тоҷикро ба қатл расонида, даҳҳо ҳазори дигарро бе хонумон намуданд, қисми зиёди мардум ҳамчун гуреза ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон паноҳ бурданд.

Дар ин давра иқтисоди мамлакат комилан хароб гардид, ҳама корхонаҳо аз кор бозмонданд. Дастраси ба маводи озуқавории ниёзи аввала тақрибан ғайри имкон гардида буд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда давлат бо ин ватанфурушон паймони сулҳ баста ба аксари аъзоёни ин ташкилоти касиф мансабҳои давлатиро бовар намуда, соҳиби вазифаашон кард. Аммо ин хоинон аз роҳи интихобкардаашон боз нагаштанд. Чунон чи яке аз аз мансабдорони давлатӣ – аъзои ТТЭ собиқ ҲНИ Назарзода Абдуҳалим бо лақаби Ҳоҷи Ҳалим дар соли 2015 нақшаи ба вуҷуд овардани табаддулоти давлатиро кашида буд, ки хушбахтона ба ҳадафи нопоки худ нарасид.

Агар ин хоиноинони миллат дар мамлакат ҷанги шаҳрвандиро ба амал намеоварданд, имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба яке аз кишварҳои пешрафтатарини минтақа табдил меёфт.

Имрӯз роҳбарону аъзоёни фаъоли ТТЭ собиқ ҲНИ дар чарогоҳи Аврупо бо ниқоби нав яъне Паймони миллии Тоҷикон ҷавлон зада дар гирди худ ба мисли худ хоинонро ҷаъм карда истодаанд, вале ман ба онҳо мегуям, ки ба мақсад нахоҳанд расид, зеро бори каҷ ба манзил намерасад.

Мо ҷавонони даврони истиқлол ба ин дасисабозиҳои ТТЭ собиқ ҲНИ дода нахоҳем шуд.

 

Ҷӯраев Н.Х.

лабаранти кафедраи Таъмини барқ