ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 22.12.2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид намуданд, ки: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ҳадафҳои худро мехоҳанд амалӣ созанд.

Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм ва эктремизм тамоми тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва барои тамоми ҷомеаи ҷавонон хатари ҷиддӣ пайдо мекунад.  Ба ҳамагон равшан аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амалҳои ноҷавонмардонаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ягон алоқамандӣ надорад, зеро террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.

Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам кам нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Мо ҷавонон ҳамеша бо суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосои мо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ барои ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи хешро хоҳем гузошт.

Fоибов  А.Ё.

муовини декан оид ба тарбия