Терроризм ва ифротгароӣ хатари бузургест бар башарият

Дар оғози асри 21 олами мавҷуд дар баробари инсоният ба хатари бузурге мувоҷеҳ гардид, ки тамоми мавҷудотро ба нестӣ мерасонад ва таҳдидест барои башарият дар шароити нав ва онро ном терроризм бошад.  Ин нукта, ки аз коршиносону равшанфикрон садо медиҳад, ки гӯё терроризм аз қабл ҳам вуҷуд доштааст,  то ҷое дуруст аст. Лек ин терроризме, ки имрӯз ҷомеъаи байналмилалиро саргардон кардааст ва реша ба таъриху фарҳанги миллат мезанад, тоза падидаи ифротиест дар асри 21.  Албатта, исботи он ки якумин амали террористӣ кай ва дар куҷо сурат гирифтааст, хеле мушкил мебошад. Вале ин раванд, ки бо баҳонаҳои зиёд ба сулҳу суббот ва амнияти мардуми сайёра хатар эҷод мекунад, як формулаи сохтаву махсусе аз ҷониби гурӯҳҳои муайян мебошад. Дар ин ҷангҳо ва ҳамлаҳои террористӣ пеш аз ҳама мардумони бегуноҳ талаф меёбанд ва беҳтарин ҷойҳо нобуд карда мешаванд, ки кори дасти инсони солим ҳаргиз буда наметавонад.

Терроризм ва ифротгароӣ ҳардуро мо дар кадом шаклу сурате набошад, қабул надорем, зеро ҳарду бар зиддӣ инсон равона карда шудааст ва зараре бузургест бар хазинаи демографии башарият.  Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон доман паҳн кардани терроризм ва ифротгароӣ хатарҳоро дар пеши инсоният афзунтар мегардонад ва ҷомеъаро лозим меояд, то аз ин ҳолат огоҳ бошад ва бар зидди ифрогароӣ мубориза барад ва зиракии сиёсиашро ҳифз намояд.

 Бо инкишоф ёфтани техникаву технологияи муосир намудҳои нави терроризм зуҳур мекунанд, ки дар ниҳояти харобкорӣ ба амалиёти бузурги ҷангӣ шабоҳат дорад. Ёдрас шудан аз амалиёти террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки харобкориҳои зиёд дошт, худ мисоли равшанест барои хонандаи гиромӣ. То битавонанд аз гурӯҳҳои ифротгарову тунгаро, ки аз шохаҳои терроризм мебошад, дурӣ биҷӯянд ва худрову ҷомеъаро бо ин амал ҳифз намоянд. Дар ин росто ТЭТ ҲНИ, ки аз қабили онҳост истисно намебошад ва бояд аз аъзоёни ин ташкилоти террористӣ ҳам дурӣ ҷуст. Зеро ин тоифа бо баҳонаҳои зиёд мардумро мехоҳанд гумроҳ созанд, ки умедворам ҷомеъа аз амалҳои зишти ин турфа огоҳ аст ва ҳаргиз ин турфа сагони хиёбониро намебахшад.

                                               Парвизи Машҳур – омӯзгори ДКМТ