Изҳорот: САҲА моро фиреб медиҳад ё субботи кишвари моро намехоҳад?

Ҳаводиси чанд рӯзи ахир маро ба ҳайрат овард. Наход инсон аз ватани худ, сарзамине, ки дар он ба дунё омадаасту баваоя расидааст, изҳори пушаймонӣ кунад. Ин ки мухолифин ва ё ифротиёни ТЭТ ҲНИ дар назди коршиносони байналмилалӣ дар ҷаласаҳои САҲА ширкат намуда, ватану давлати моро танқид мекунанд, худ гувоҳи ноодамиву беадолативу кӯрнамакист. Пас САҲА, ки имрӯз ба ин тоифа минбар додааст, оё фардо аз ӯ ҳам интиқод намекунанд?  Ҳоло онҳо аз ватани худ, ки дар он ҷо одаму одамгариро шинохтаанду ном пайдо намудаву нон хӯрдаанд, изҳори носипосӣ мекунанд, пас фардо аз онҳо чиро бояд интизор шуд?

 Ин тоифаи ноаҳлу бемаслак зери мақоми паноҳандаи сиёсӣ, ақидаҳои ифротиву терроистии худро ривоҷ дода, боз кадом гӯшаи ободро мехоҳанд нобуду хароб созанд. Вале САҲА, ки як созмони бонуфуз маҳсуб меёбад, чӣ гуна аз инҳо пуштибонӣ мекунад, намедонам. Оё САҲА низ моро бо сиёсати дугона, моро гуроҳ карданист?

Тоифаи ифротиёну хоинони наҳзатӣ дар назди САҲА бо дурӯғҳои нобуд, мардумро бовар кунонидани мешаванду аз ин сӯистифода намуда, ҳадафҳои палидонаи худро пиёда сохт. Аммо боз ҳам суоле ин ҷо сар мезанад, ки ҳамин палидон даъво мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол мешавад, пас аз ҳуқуқи инсон поймол шуда бошад, аваллин поймолкунандагони ҳуқуқи инсон шумо нестед магар? Оё шумо бо супориши хоҷагони хориҷии худ садҳо хонаро харобу мардумро саргардон накардед? Оё шумо наҳзатиҳои палид набудед, ки беҳтарин олимонро сар буридед?  Оё ин поймолкунии ҳуқуқи инсон нест?

Ҳайфи оби тозаву нону намаки Тоҷикистон, ки палидон аз он истифода кардаанд. Вақте, САҲА ин ҳамаро медонаду боз аз ин палидон пуштибонӣ менамояд, ҳатман чӣ нияте дорад ва ё аслан тарафдори сулҳу суббот дар кишвари мо нест. Банда, шахсан бар даъвову дурӯғҳои палидони наҳзатӣ розӣ набуда, иштироки онҳоро дар ҷаласаҳои САҲА маҳкум менамоям.

                                              Парвизи Машҳур – омӯзгори ҷавон