Таҷрибаомӯзии донишҷӯён зери роҳбарии устод Хушрӯз Ғаффоров дар ҶДММ “АТП-33”

Санаи 11.03.2021  донишҷӯёни бахши 4-уми ихтисоси 440101-01 “ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш” дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “АТП-33” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи барномаи таҷрибаомӯзии пешазхатмӣ гузаронида истодаанд. Рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро устодони кафедраи ташкили ҳамлу нақл ҳамарӯза назорат намуда бо навбат ба корхонаҳои соҳавӣ ташриф меоваранд.

Аз тарафи роҳбари таҷрибаомӯзии пешазхатмӣ ихтисоси 440101-01 “ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш” ассистенти кафедра Ғаффоров Хушрӯз Нарзуллоевич бо донишҷӯён дар вақти таҷрибаомӯзи ба ҶДММ “АТП-33” ташрифоварда,  аз рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бохабар шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҶДММ “АТП-33” мутахассисони соҳавӣ фаъолият намуда, ба донишҷӯён ҳамарӯза аз рафти корҳои амалияшон маълумот медиҳанд ва ононро бо корҳои соҳавӣ ошно месозанд. Кафедраи ташкили ҳамлу нақл бо ҶДММ “АТП-33” ҳамкори намуда мавзӯъҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мавзӯҳои рисолаи хатмро вобаста самти мувофиқ амалӣ мегардонанд.