Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҶМДММ “Потролеум Суғд”-и Тоҷикистону Австрия

Таҷрибаомӯзии пеш аз хатми донишҷӯёни бахши чоруми  ихтисоси 510202 “коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” дар ҶМДММ “Потролеум Суғд”-и Тоҷикистону Австрия бо роҳбарии дотсент  Олимов Абдумалик гузашт.

Мудири кафедраи коркарди конҳои фоиданок Олимов Абдумалик донишҷӯёнро барои аз наздик шинос шудан бо корҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин тасаввуроти комил пайдо намуданашон роҷеъ ба коркард ва истеҳсоли нафт ба корхонаи мазкур бурда, ба донишҷӯён ҳолатро аз наздик ошно намуданд.

Ёдовар мешавем, ки кафедраи геология ва корҳои нафту газ дар назди корхонаи мазкур филиали кафедраро таъсис додааст, ки ҳамаи донишҷӯён дарсҳои амалиро маҳз дар ҳамин корхонаҳои истеҳсолӣ мегузаранд ва роҷеъ ба соҳаи худ маълумоти бештаре ба даст меоваранд, ки ин барои омода намудани мутахассиси хуб мусоидат менамояд.

М. Сайидзода