Таҷлили ҷашни Меҳргон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил карда шуд. Ба хотири таҷлили ҷашни мазкур шурӯъ аз даромадгоҳи донишкада карнаю сурнай садо дод ва сипас дар маҷлисгоҳи бузурги донишкада чорабинии фарҳангиву фароғатӣ ба ҳозирин пешниҳод гардонида шуд. Дар чорабинии имрӯза ҳунармандону сарояндагон аз Қасри фарҳанги шаҳри Хӯҷанд ва шаҳри Бӯстон даъват шуда буданд.

Барои тамошои барномаи фарҳангиву фароғатӣ аз тамоми факултетҳо ва сохторҳо кормандон ҳозир шуда буданд, ки хотири ҳамаашон болида гардид.

Дар рафти чорабинӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин табрикоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ба ҳозирин расонида, ҳамагонро аз номи роҳбарият ба ҷашни Меҳргон табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин барору комёбӣ таманно намуд.

Ҳамчунин, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда низ суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ҷашни аҷдодии Меҳргон табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, барномаи рангини театрикунонидашуда манзури ҳозирин гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Меҳргон ҷашни қадимии мардумони ориёнажод буда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон он аз нав эҳё карда шуд ва ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Шуъбаи иттилоот