Семинари назариявӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон дар факултети металлургия

Имрӯз, дар толори китобхонаи донишкада бо ташаббуси факултети металлургия семинари назариявӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Чорабиниро муовини декан оид ба  тарбия Ғоибов Алишер ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои таърихии Меҳргон ва таомулҳои миллӣ сухан ронда, ҳозиринро ба эҳтиром гузоштан ба таомули миллӣ даъват намуданд. 

Сипас, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева Манзура, дотсенти ҳамин кафедра Ҷалолова Зӯҳро маърӯза хонда оид ба аҳамияти Меҳргон дар суннатҳои миллии миллат ва таҳоҷуми фарҳангӣ сухан ронда, ҳозиринро ба Меҳргон табрику таҳният гуфтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ суолу ҷавоб байни донишҷӯён баргузор гардид, ки ба суолҳо маърӯзагарон посух гуфтанд.

Шуъбаи иттилоот