ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 14.11.2026 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсаду моҳияти таҷлил аз он, мақсади баргузории ҳамоиш, нақши институти президентӣ ва хидматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз ҷасорату матонат, далериву шуҷоат ва хиради волову азалии Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот дода шуд. Он рӯзҳои сангин бар ҳама маълум аст.Воқеан даҳаи аввали истиқлоли давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик мушкилиҳо дошт, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақсимшавии элита ба қисматҳо, дарки нодуруст аз истиқлоли давлатӣ аз мушкилоте буданд, ки таъсири манфӣ бар ин даҳа гузошт. Хушбахтона, бо зуҳури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати Тоҷикистон вазъ комилан тағйир ёфт. Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нукта гузоранду давлатро наҷот бидиҳанд ва миллатро саодат бахшанд. Ин саодат ва ин сулҳ миллатро барои ҳамеша бар хушбахтӣ расонид. Ва ин ваъдаи як абармади арсаи сиёсат мебошад. Зеро дар рӯзҳои нахустини қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чунин ваъда дода буданд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чи аз дастам ояд, иҷро мекунам».
Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ваъдае, ки дода буданд, он мақсаде, ки гузошта буданд, он ҳадафе, ки дар пеш гирифта буданд, он роҳе, ки интихоб намуда буданд барои саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон иҷро карданд. Тоҷикистонро ба як биҳишт табдил доданд. Тоҷикистонро обод карданд ва беҳтарин шароитро барои миллат фароҳам оварданд. Давлати миллии тоҷиконро бунёд карданд, ки ин ҳам хидмати бузурги ин абармарди арсаи сиёсат мебошад. Ва мо бояд мардона аз ин хидматҳо қадрдонӣ намоему ба ин абармарди арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳони сипос бигӯем! Дар ҳақиқат Президенти мо- ифтихори мо мебошанд!
Ҳамзамон, дар ҳамоиши имрӯза намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Фарзона Раҳмонӣ номаи табрикотии Раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Фирӯза Нуруллозодаро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардонид.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш барномаи рангини ҳунарӣ бо ширкати ҳунармандони гурӯҳи ҳунарии Донишкада “Ҷилои Ёқут” ва ситораҳои санъати вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида, тӯҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба баргузоркунандагони ҳамоиш изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот