Таҷлили Рӯзи Модар дар ДКМТ

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он нахуст, ректори Донишкада муҳтарам Фозилзода М. М суханронӣ намуда, ҳайати бонувони муассиса ва кулли модаронро ба ин рӯз табрик намуданд.

Зимни суханронӣ муҳтарам ректор қайд намуданд, ки “Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни «Рӯзи озодии занон» ба Рӯзи модар табдил дода шуд, ки ҳар сол мардуми кишварамон ҷашни мазкурро бо тантана  таҷлил менамоянд. 

Имрӯз мо шукронаи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мекунем, ки бо ҳидоятҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахри боло рафтани мавқеъ ва манзалати занон дар ҷомеа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ қабул ва татбиқ карда шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар идоракунии ҷомеа»  яке аз ғамхориҳои беназири давлат нисбати  бонувон ба ҳисоб меравад.”

Ҳамчунин дар ин рӯз муҳтарам Фозилзода М. М ба як қатор бонувон ва занони фаъоли донишкада туҳфаҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим намуданд, ки бисёр ҳам хотирмон буд.

Сипас чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои ёқут”-и донишкадаи манзури ҳозирин гардонида шуд, ки дар он ҳунармандон ва ҳаваскорони донишкада бо рақсу тарона ва барномаи рангини ҳунарӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Шуъбаи иттилоотӣ