ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК: ИНТИХОБОТ ШАФФОФ ГУЗАШТ

Чанде қабл раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров бардурӯғ иддао намуд, ки интихобот шаффоф нагузашт. Аммо дар муқобил бо Раҳматилло Зоиров раисон ва намояндагони 6 ҳизби сиёсии дигар дар кишвар аз шаффофияти интихобот сухан ронданд, озоду демократӣ гузаштани интихоботро дар кишвар тасдиқ намуданд.

Лек Зоиров ҳамоно думболи афсонаи худ мегашт ва талош менамуд, ки назари мардумро тағйир диҳад. Албатта, набояд инро ҳам фаромӯш кард, ки дар муборизаҳои сиёсӣ ҳамеша бурду бохт вуҷуд дорад ва инро ҳамагон хуб медонанд.  Зоиров ҳам ба ин масъала таваҷҷуҳ накарда як баҳонаи бардурӯғро эълон кард, ки худаш мавриди хандахареши ҳамтоёнаш гардид.

Зеро ҳама хуб медонанд, ки интихобот зери назари нозирон ва ё худ мушоҳидони байналмилалӣ гузашт ва онҳо ба ҷараёни интихобот баҳои баланд, дода шаффофияти онро тасдиқ намуданд, ки боз ҳам дурӯғ ва иғвобарангезии Раҳматилло Зоиров исбот шуд.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори нодуруст ва ғайриахлоқии Зоировро ба таври куллӣ маҳкум намуда, барои ин кораш ба ӯ шармат бод мегӯем!