ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ДОНИШКАДА

“Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст”.
                                                                                                                                                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкада чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон донишҷӯён ва меҳмонон ширкат варзиданд.  
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақоми забони тоҷикӣ, корбурди густурдаи он ва ғамхориҳориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор ёдрас шуда, ҳамзамон номаи табрикотии ректори донишкада дотсент Давлатзода Давлатро манзури ҳозирин гардонид.
Сипас, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнунр Нурзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин рӯзи муҳим барои миллати тоҷик рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид карда шуд, ки омӯзгор роҳнамои ҷомеа ва тарбиятгари насли ҷавон дар роҳи фардои дурахшони меҳан мебошад. Нақши омӯзгор дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва ташаккули ҷомеа мутамаддин беназир мебошад.
Баъдан, як қатор омӯзгорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ, унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Ифтихорномаи раёсати Донишкада сарфароз гардонида шуданд.  
Дар интиҳо барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои ёқут” манзури ҳозирин гардонида шуд.