Табрикоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба 31-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони арҷманд!

Ҳамкорони гиромӣ!

Донишҷӯёни азиз!

Истиқлолият барои мо як неъмат ва як арзиш ва як фурсат аст. Истиқлолият роҳи озоду ороми миллат аст. Банда аз ҳоло ҳамаи Шумоёни арҷмандро бо фарорасии бузургтарин ва боарзиштарин ҷашни милливу давлатӣ 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзу рӯзгори ободро таманно менамоям.

Истиқлолият рамзи давлатдорӣ, мустақилияти комили миллат, озодии ҳамаҷониба, имконияти васеъ ва муваффақияту комёбии миллат буда, барои мо орзуи дерина ва дастоварди беназир мебошад. Фақат ва фақат миллати мустақил метавонад, унсурҳои давлатдории миллии хешро ҳифз намуда, дар шакли муосир бомуваффақона ҳамчун соҳибдавлат баромад намояд ва хушбахтона миллати тоҷик аз ин неъмати бузург  бенасиб нагардидаву инак мо сию якумин солгарди ин ҷашни ҳумоюниро таҷлил менамоем.

Ногуфта намонад, ки маҳз дар даврони истиқлолият миллати тоҷик соҳиби беҳтарин шароит ва беҳтарин имконият гардид ва аз ҳама муҳимаш хешро инсон ҳисоб намуд. Чунончӣ дар шинохт ва дарки мафҳуми Истиқлолият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки дар ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзали хешро муайян созем ва дар ин кор саҳми Пешввои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузург мебошад. Бо талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат-Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ бо беҳтарин дастовардҳо ноил гардид, ки ин корнамоӣ ва хидматро миллати тоҷик дар сафҳаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт менамояд.

Дар интиҳо ба Шумо ва тамоми хонадонатон, пайвандон ва ҳамкорон дар ин рӯзи нек ва муваффақият пирӯзиву комгорӣ, сарбаландиву саодатмандӣ таманно намуда, хоҳони хушҳоливу хушрӯзии Шумо ҳамватанони азиз  ҳастам.

Бигзор Истиқлолияти давлатӣ барои мардум беҳтарин армуғон барои насли фардо бошаду Тоҷикистони азиз ҳамеша орому осоишта ва обод бошад!

Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад!

Бо эҳтиром    Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ