Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳодатномаи дотсентиро ба олими ҷавон Ҳоҷиев Саидмуқбил супорид

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар чорабинии бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида, тантанавор ба олими ҷавон, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил шаҳодатномаи детсентиро, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тақдим намуд.

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни  тақдими диплом ба олими ҷавон Ҳоҷиев Саидмуқбил изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки хидматҳои ӯ дар ҷодаи илм зиёд аст ва ҳамаи инро донишкада қадр хоҳад намуд, сипас изҳор дошт, ки  ҳамин гирифтани унвони дотсентӣ ҳам дар донишкада дар риштаи физика дар 15 соли охир аввалин мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷиев Саидмуқбил олими ҷавон ва фаъолу пурталош буда ба қалами ӯ аллакай чандин китобҳову монографияҳои илмӣ тааллуқ доранд, ки ин аз заҳмат ва меҳнатҳои шабонарӯзии ин ҷавон хирадманд шаҳодат медиҳад.

Раёсати донишкада аз ин олими ҷавон умеди калон дошта, умед мебандем, ки имсол тантанавор ректори донишкада унвони докториро супоранд.

Шуъбаи иттилоот