Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба муносибати 26-солагии таъсисебии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Бахшида ба 26-солагии таъсисёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ибтикори Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҷлиси тантанавӣ ва конфренсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки  муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, Раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, муовини Раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода, узви  Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ баргузор гардид.

         Иштирокдорони чорабинӣ бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуда, саҳми Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистонро дар раванди барқарор намудани сулҳу оромии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас арзёбӣ намуданд.

         Нахуст муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Шарифзода А. Паёми шодбошии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таъсисиёбии ҳизб, ки таърихи бунёдгузории ин ниҳоди сиёсӣ ва маҳбубияти он миёни сокинону тарафдорони ҳизбро дар бар мегирифт расонида, доир ба дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар зарфи 26 соли фаъолияти пурсамари он маълумоти муфассал доданд.

         Сипас,  муовини Раиси шаҳри Бӯстон  Сатторзода Х. маърӯза  намуда, аз ҷумла қайд намуданд: Дар маҷмӯъ 26 сол аст, ки ин ҳизби сиёсӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонро дар атрофи Роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ сохта,  дар роҳи бунёди давлати озоду ҳуқуқбунёд кӯшишҳои пайгирона намуда истодааст.

         Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маърӯзаи худ қайд намуданд, ки амалӣ гардидани як қатор барномаю стратегияҳои давлатӣ, ки аз Барномаи амали Ҳизби Халқии  Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ба хусус оғози сохтмони бузурги иншооти моҳияти стратегӣ дошта ва ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон, натиҷаи давра ба давра татбиқ шудани ҳадафҳои ин ҳизби халқӣ аст, ки тамоми мардуми кишвар аз чунин муввафақияту пешрафт бо қаноатмандӣ шукргузорӣ менамоянд.

Ҳамзамон ректори донишкада қайд намуданд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми умумиллӣ, саноатикунонии бемайлони кишвар нигаронида шудааст аст. Аз ин рӯ, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри  тайёр намудани мутахассисони кордон, баландихтисос ва забондони соҳа муваззаф гардидааст.

Донишкада минбаъд ҳамкорияшро бо корхонаҳои саноатӣ, заводу фабрикаҳо, инситутҳои тадқиқотӣ (АМИТ), НБО “Роғун”,НБО “Норак”, НБО “Қайроқум”, НБО “Себзор”  тақвият бахшида, ҳамчунин дар дохил ва хориҷи кишвар мутахассисони соҳаи саноати кӯҳию металлургиро омода менамояд.

             Қайд намуданд, ки ҳайати проффессорону омӯзгорони донишкада, баҳри тайёр кардани мутахассисони болаёқат саҳмгузорӣ менамоянд.

         Узви  Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода М. оид ба саҳми занон дар татбиқи ғояву барномаи Ҳизби Халқии Демократии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маърӯзаи муфассал намуданд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки имрӯзҳо таҳти ғамхории  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар мақомотҳои роҳбарикунанда хеле  назаррас аст.

         Раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода М.  зикр намуданд, ки сарҷамъона барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гулгулшукуфии кишварамон саҳми худро мегузоранд.

             Раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат”  Саидов А. оид ба таърихи пайдоиш ва принсипҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маърӯза намуд. Чунин қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамчунин зимни барномаи худ эълон дошт, ки ҳадафи асосиаш бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳамаи ин ҳадафу ормонҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, худ аз худ дар ҷои хушку холӣ ба миён наомаданд. Ин ҳадафу нақшаву маромҳо натиҷаи омӯзиши дақиқи ҳамаҷонибаи таҷрибаи давлатдорӣ дар манотиқи гуногуни Шарқу Ғарб аст, ки бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистон  рӯи кор омаданд. 

         Дар охир ба чанде аз фаъолони ҳизб Ифтихорнома ва ба 10 нафар донишҷӯёни донишкада, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

             Мо, ҳамсафони ҳизб дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамавақт сармашқи кори худ ҳисоббида, баҳри амалӣ гардидани ғояҳои созанда ва ободкоронаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саъю кӯшиш хоҳем намуд.