Суханронии декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г. дар конфронси байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, омӯзгорони донишкада зери роҳбарии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар як конфронси байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буданд. 

Дар конфронси мазкур, ки дар Донишгоҳи техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов   баргузор гардид, декани факултети корҳои кӯҳӣ н.и.т. Самадова Гули Мирҷоновна ширкат намуда, маърӯза хонд ва роҷеъ ба масъала ва муаммоҳои мавҷудаи соҳаи кӯҳкорӣ гуфта гузашт. Ҳамзамон, роҷеъ ба рушди соҳаи мазкур ва дар умум дастгирии бахши саноат чанд пешниҳодҳо низ намуд.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгорону кормандони донишкада дар конфронсҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, мақолаву маърӯзаҳояшонро ироа месозанд, то дар рушди илми муосир саҳми хешро гузоранд.

Шуъбаи иттилоот