Конфронс:Нақши фанҳои табиӣ-техникӣ дар рушди соҳаи саноати тоҷик

Тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 28-уми майи соли равон бо ташаббуси кафедраи фанҳои умумитехникӣ, кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ ва кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Нақши фанҳои табиӣ-техникӣ дар рушди соҳаи саноати тоҷик бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” доир гардид.
Дар конфронси зикргардида намояндаҳо аз Донишкадаи Ланҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин дотсент Ши Гуаньюэ, аз Донишкадаи Политехникии Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ н.и.т. Левандовский Багдан, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок ва баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки конфронсро ректори донишкада н.и.и., профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, ба ташкилкунагдагони ин конфронс изҳорӣ сипос намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар конфронси имрӯза зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ-назариявӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ворид гардидаанд, ки дар он омилҳои асосии босуръат гардонидани саноатикунонии кишвар, тарзҳои муосири истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, масъалаҳои рушди техника ва технология дар соҳаи мошинсозӣ ва таҷҳизоти кӯҳӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ-техникӣ дар рушди соҳаҳои геология, металлургия ва электромеханика матраҳ гардидаанд.
Дар интиҳо ректори донишкада ба ташкилкунандагон ва баромадкунандагони чорабинии мазкур Сипосномаву Ифтихорнома тақдим намуд.