Баргузории маҳфили навбатии “Суханвар”

Дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфили “Суханвар” зери роҳбарии омӯзгори варзида Ҷалолова Зуҳро баргузор гардид, ,ки дар он омӯзгорону донишҷӯён ва намояндаи раёсати илм ва инноватсия ширкат варзид.

Давлатзода Элёр баромад намуда, роҷеъ ба мақом ва манзалати забони русӣ дар шароити дузабонӣ изҳори андеша намуд. Сипас, муовини декани факултети металлургия Усмонов Шермат суханронӣ карда, дар мавриди эҳтироми забони модарӣ ва азхуд намудани забонҳои хориҷӣ изҳори андеша кард.
Дар интиҳо донишҷӯён атрофи мавзӯи мазкур изҳори андеша намуда, фикрҳои хешро баён доштанд.