Баргузории маҳфили навбатии “Илм ва ҳаёт”

Имрӯз дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ маҳфили навбатии “Илм ва ҳаёт” зери роҳбарии омӯзгори ҷавон Пулотов А. дар мавзӯи “Ҳолатҳои агрегатии модда ( сахт, моеъ, газ)” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.

Маҳфилро омӯзгор Пулотов А. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳолати модда ва ҳамчунин таҷрибаҳои озмоишгоҳӣ маълумоти муфассал дод. Сипас, мубодилаи андешаҳо сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.