Баргузории семинар бахшида ба рӯзи дарёи Сир

Санаи 27.04.2023.с 20 нафар донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пойгоҳи обкашии Сумчак-1,  ки аз ҷониби захираҳои оби минтақаи ҳавзавӣ назорат мешавад,  дар доираи татбиқи “Барномаи ислоҳоти соҳаи об ” ва барномаи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” бо дастгирии шарикони рушд ва ҳамкорӣ бо Лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист баргузор намудани Рӯзи дарёи Сир бо иштироки зиёда 60 нафар донишҷӯёни дигар макотиби олӣ ва хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил гардида  буд иштирок намуданд. 

Мақсад аз гузаронидани ин семинар ҷамъкардани ҷавонони фаъол ва ҷалб намдани онҳо барои идоракунии захирахои обӣ, таъмин ва тақсимоти он ва фаҳмидани  фикру мулоҳизаҳои онҳо буд. Байни ҷавонон Бобоев Абдунабӣ – Раёсати Идоракунии Захираҳои обии ҳавзаи Сирдарё 

Шоҳида Тӯлиева –Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ.Хелветас баромад намудан.

Баъд аз баромад, саволу ҷавобҳо ва суҳбати озоди илмӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни мо фаъолона иштирок карданд ва аз ташкилкунандагони ин чорабинӣ барои ҳамкорӣ ва пешниҳод кардани лоиҳаҳои нав таклифҳо шуд. 

Иштирокчиён пешниҳод намуданд ки саҳми худро барои тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир гузоранд.