СОЗМОНҲО ТЕРРОРИСТӢ ХАТАР БАР НАСЛИ ҶАВОН

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, созмонҳои террористӣ ҳамаашон як мақсад доранд ва он ҳам бошад, гумроҳ сохтани ҷомеа ва фиреб додани мардум. Созмонҳои террористӣ бештар талош мекунанд, то насли ҷавонро гумроҳ созанду мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Ҳоло намояндагони ташкилотҳои террористӣ – экстримист амалҳои хоинонаи гузаштагони худро давом додан мехоҳанд ва даст ба айбҷӯиву туҳмат мезананд. Чуноне ки коршиносон қайд намудаанд: «Ҳаёти террористон хеле кўтоҳ аст». Аз ин рў, созмонҳои террористӣ барои афзоиши сафҳои хеш доимо дар ҷустуҷу мебошанд. Ба хотири ҳамин доимо кўшиш менамоянд, ки худро дар ҷомеаи башарӣ бонуфуз нишон бидиҳанд. Аммо ин кўшишҳои онҳо бефоида буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намудааст, ки мақсади онҳо нопок буда, онҳоро маҳкум менамояд. Аз ҷумла, онҳо ба синну соли наврасон ва бачагон майлу рағбати бештар дошта, хуб дарк менамоянд, ки ҷалби ҷавонон ба ин самт амалӣ мешавад.

Террористон ҳамеша аз пайи рағбатҳои наврасону ҷавонон ҳастанд. Онҳо медонанд, ки ҷавонон силоҳро дўст дошта, мехоҳанд дар корҳои ҷиддии давлати фаъол бошанд. Аммо ин амали хиёнаткоронаи террористон ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид. Чуноне ки дар боло қайд намудам, террористон барои ба мақсади хеш расидан дар сайтҳои худ дар китобҳои махсус расмҳои ҷанговарони силоҳдорро ҷой медиҳанд. Баъзе вақтҳо террористон ба ҳар гуна баҳона рўзноманигоронро даъват намуда, мехоҳанд бо роҳи таблиғот сафи худро аз ҳисоби шахсони алоҳида пурра намоянд. Дар ин масъала ба як чиз равшанӣ андохтан лозим аст, ки насли наврас, бахусус ҷавонон бояд дар баробари омўхтани дониш, инчунин дар мубориза зидди террористон низ хиссагузорӣ намоянд. Албатта, террористон дар бораи рафтори ношоиста, содир кардани ҷиноят аз ҷониби наврасон ва ҷавонон огоҳӣ пайдо намуда, маълумотро ғун медоранд.

Террористон ба он мекўшанд, то ки шахсонеро, ки тоза ба гурўҳи хеш ҷалб намудаанд, ба содир кардани ҷиноятҳои сангин равона созанд ва баъди иҷрои он ҷиноят дигар роҳи баргашт вуҷуд надошта бошад.

Воситаи дигари террористон ин бо роҳи дигар, яъне бо роҳи қасд куштани шахсони дигар мебошад. Ин амалро созмонҳои дигари экстримистӣ низ тарафдорӣ мекунанд. Хоҷагони давлатҳои дигар ташкилотҳои террористиро маблағгузорӣ намуда, ба воситаи шахсони алоҳида маблағро интиқол медиҳанд. Ба ҳар роҳ ва ба ҳар восита мехоҳанд ҷавононро ба худ кашида, онҳоро ба доми фиреби худ андозанд. Лекин ин роҳи ягонаи боварӣ ба ҳисоб намеравад. Ҷавонони огоҳ аллакай дарк намудаанд, ки ҳадаф аз ин хиёнат ба ватану миллат, муноқишаи нав афкандан ва халалдор сохтани суботу оромӣ дар кишвар мебошад. маҳз аз ҳамин сабаб ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои онҳо дода намешаванд.

Ғаффоров Хушрӯз

омӯзгори ДКМТ