Сипоснома аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба донишкада

Дар сипосномаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки ба унвонии раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти имзои ректори муассисаи мазкур Асрорзода У.С. ирсол гардидааст, аз ҷумла омадааст: ҷиҳати ҳамкории судманд дар раванди ташкил ва баргузор намудани дуюмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ки бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бахшида шудааст, тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур, ки ду сол боз баргузор мегардад донишҷӯёни донишкада низ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии  Тоҷикистон ҷиҳати ҳусни тафоҳум ва ҳамҷаворӣ, ҳамчунин равобити нек ба раёсати ДБССТ изҳори миннатдорӣ баён менамояд.

Шуъбаи иттилоот