Семинар:” Рушди захираҳои иттилоотии миллии Тоҷикистон”

Санаи 27-уми май дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи ” Рушди захираҳои иттилоотии миллии Тоҷикистон” бо ширкати намояндагони ” Маркази милии патенту иттилоот”- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Семинарро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда сухан рони кард ва сипас меҳмононро муаррифӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур нахуст муовини сардори раёсати иттилооти илмӣ – техникӣ ва патентии Муассисаи давлатии ” Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиев Қ.Ҳ. дар мавзӯи “Рушди бақайдгирии давлатии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар давраи Истиқлолияти давлатӣ” суханронӣ намуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни семинар мавсуф дар мавзӯҳои “Тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои фосилавӣ ва муфассали корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ- конструкторӣ дар ҷумҳурӣ “, “Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда дар ҷумҳурӣ “, “Тартиби таҳия ва лоиҳаҳои илмӣ, илмӣ- техникӣ ва инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ” суханронӣ намуда, моҳияти масъаларо фаҳмонид.
Дар ҷараёни семинар ҳозирин ба баромадкунанда суоҳои хешро пешниҳод карда, посухҳои амиқ ва мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар семинари мазкур ба ҷуз омӯзгорону кормандони донишкада боз аз донишкадаҳои соҳавии вилоят ширкат намуданд.