Ташрифи намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба донишкада

Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ имрӯз намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар вилояти Суғд Мирпочоева Мавҷуда ва Ҷабборова Дилоромро ба ҳузур пазируфтанд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро дар қабули шаҳрвандон муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ҳамроҳӣ намуд.
Дар мулоқоти имрӯза ҷоннок намудани кори Шӯроҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Шуъбаи иттилоот